Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нафаре, ки қасд ба ҷони Мирзои Абдураззоқ намуда буд, як муаммои сарбастаеро ба сари мо овард. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки мавсуф тавассути яроқе ба қатл расонида шуд, ки панҷ сол пеш Нозим Ятимро паронда буданд. Рафту агар ҳамин ҳолат рух намедод, ба гумон буд ҳодисаи панҷ сол пеш дар ноҳияи дигари шаҳр рухдода боиси саргардониҳои мо шавад.
“Шиносоии Нозим Ятим ва Қиёми Абдулхайрро аз ёд баровардӣ-чӣ?” Посухи аз замирам бархоста бандаро дигарбора ҳушдор сохт, ки ҳангоми мулоҳизаронӣ ба рафти воқеаҳо дурусттар назар афканам.
То ҷое, ки мо иттило доштем, Қиёми Абдулхайр ягона шахсе буд, ки Нозим Ятим ӯро дар зиндагӣ даст гирифта. Ҳатто Фариддуни Зоҳир ҳам сабаби меҳрубониҳои Нозим Ятимро намедонист. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки замоне падари Қиёми Абдулхайр сарварии автобазаеро ки Нозим Ятим ба ҳайси ронанда ифои вазифа менамуд, ба душ дошт ва аҷаб не ки дасти эшонро гирифта бошад, кӣ медонад...?
Аз он чӣ ки ҳодисаи дуюм маҳз дар манзили шогирди эшон ба вуқуъ пайваст, баҳри тафтишот назарияҳои беохиреро ба бор овард.
Пеш аз ҳодисаи ба сари Нозим Ятим омада Фаридуни Зоҳир эшонро ҳамроҳи Исмоили Мискин дар пеши тарабхонаи "Сиёвуш"
дида.
Он замон ӯ ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будааст, ки байни тоҷир ва ҳофиз чӣ муносибате ҳаст, вале чун аз ҳодисаи дар манзили Қиёми Абдулхайр рухдода воқиф гаштааст, ба рафти ҳодисаҳои таърихи панҷсола дошта аз дигар кунҷ назар афканда...
“Ҳамон муаллими худозада, ки қадри нону намаки ҳамсояро пос надоштааст, дӯсти Исмоили Мискин буд. Мардумон беҳуда намегӯянд, ки дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад.”
-Ана ёбу гир, - бо овози шунаво гуфтам ман ва бо ин васила таваҷҷуҳи ронанда нисбати мусофири дар паҳлуяш буда бедор шуд, ки пурсид:
-Чиро ёбу гир?
-Фикре ба сарам омад ва бехабар аз он ки дар куҷоям, онро ба забон овардам, бубахшед.

пешина
аз 429
навбатӣ