Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳеҷ гап не, - гӯён ронанда боз чашму ҳуш ба роҳ дод...
То ман андешаҳои парешоншудаамро сари як нуқта гирд овардам, ки мошин дар роҳи тахту ҳамвори мумфарш боз чанд фарсах роҳеро паси сар намуд...
Бубин Нозим Ятим ҳамкори собиқашро ба ҷои кораш даъват намуда, барои рост наомадани нигоҳҳояшон сари кадом масъалае ӯро даст нагирифт.
Рост гуфтаанд, ки саворро чӣ парвои пиёда? Савор дар ҳама ҳолат манфиати хешро фикр мекунад ва агар Фариддуни Зоҳир ҳам аз ҳад зиёд кунҷковӣ намекарду чун худи вай таваккалро пешаи кори хеш қарор медод, шояд аз он даргоҳе ки дар зикраш забонаш лол монд, ноумед намерафт.
Модоме собиқ тоҷир бе манфиат дасти собиқ ҳамкори хеш нагирифт, пас куҷост кафолат, ки ӯ бе манфиат дасти Қиёми Абдулхайр гирифта бошад? Аз ин бармеояд, ки ҳардуро ҳам манфиат яке буд.
Оғози кори ҳарду ҳам чун афсонаи зебое дар ёди баъзеҳо монда, вале анҷоми кори пешгирифтаашон хуш намонд. Нафаре, ки панҷ сол пеш бо зиндагӣ падруд гуфт, дили қотилро ором накард ва ӯ дубора силоҳ ба даст гирифта, ба дифои манфиатҳояш бархост...
Тайи ду шабонарӯзе ки ман дар шаҳр набудам, аз рафти ҳодисаҳои минбаъда бехабар мондам, вале боварии кулл доштам, ки ба пойи Қиёми Абдулхайр, ки ҳамин шабу рӯз мо дуогӯи ҷону ӯем, хоре нахалидааст.
Дар ҳолате ки офтоб ба ғуруб мерафт, мошин вориди дарвозаи шарқии шаҳр шуд...
Баъди даҳ-понздаҳ дақиқаи дигар ман бо ронанда худоҳофизӣ намуда, ба тарафи истгоҳи наздиктарин ҳаракат намуда, лаҳзае пас ба автобуси шаҳрӣ нишастам...
...17...
-Яъне маводи мухаддир?
-Ҳамин хел, рафиқ подполковник.
-Натиҷаи ба оташ бозӣ кардан ҳамин аст.
-Ҳар кас натиҷаи кишти хеш медаравад.
-Аз нокомии дигарон бахт ҷустан хатост. Бубин ба умеди даромади муфт шуда, садҳо танро мубталои нашъамандӣ мекунанд ва баъзе аз интиқолдиҳандагони он ҳатто аз Оллоҳ таоло шарм надошта, бо ҳамон пули ҳаром ба зиёрати хонаи Худо мераванд.

пешина
аз 429
навбатӣ