Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ “Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам”...
-Намедонам ба ҳамаи ин Қиёми Абдулхайр чӣ мегуфта бошад.
-Он касро то кунун напурсидаанд?
-Ҳамон бегоҳ майори милиса Ибодов ва лейтенанти калони милиса Бахтиёри Қурбоналӣ ба фурудгоҳ рафта буданд, вале ӯ наомад.
-Рафту аз кирдорҳои ҳамсараш огоҳ шудаву...
-Гумон доред, ки вай тарки Ватан мекунад?
-Аз куҷо донам?
-Бубинед нафаре аз беэҳтиётӣ ва ё баҳри дифои шаъну шарафи хеш даст ба ҷиноят зада, дар асоси қонун ҷазо мегирад, вале ҳамон бори гарон як умр чун тавқи лаънат дар гарданаш мемонад. Мардумон рӯйрост ҳам нагӯянд, бо имою ишора ба тарафаш ишора карда мегӯянд, ки барои хуни ноҳақ рехтанаш чандин сол дар маҳбас буд, вале нафареро, ки рӯйрост ба заҳролуд кардани майнаи ҷавонон даст задаасту онҳоро рӯйрост ба ҷари беохире ҳаво додан мехоҳад, намебинанд, ё бубинанд ҳам аз чунин кирдораш чашм мепӯшанд. Чунин бепарвоии атрофиён ҳамон нафарони ба интиқоли маводи мухаддир дастдоштаро боз “шердилтар” месозад. Барои чунин афрод нангу номус, шаъну шараф ва виҷдону имон бегона аст, чунки онҳо ҳама аз рӯи мақоли “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал мекунанд.
-Нафси бадро, ҳар чӣ сераш мекунад, Дар гунаҳ кардан далераш мекунад!
–Ҳамин хел?
-Аҳсан бар гузаштагонат!
-Яъне, Қиёми Абдулхайр бармегардад?
-Барнагашта куҷо меравад, охир ӯ аз куҷо медонад, ки моро чӣ фикру хаёле дар сар аст.
-Аз “корнамоиҳои” ҳамсараш чӣ?
-Сухани бад чун боди сард аст, ки тез паҳн мешавад.
-Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё