Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ҳамин хел одӣ, дур нарафта, кашиши дудро аз дудбарои хона дар фасли зимистону аввали фасли баҳор ба ёд биёред. Дар фасли зимистон чун ҳаво ниҳоят сард аст, кашиши дуд дар дудбаро хеле хуб аст, вале баробари фарорасии фасли гармо кашиши дуд дар дудбаро ниҳоят суст мегардад. Сухани нағз чун фасли гармост, ки на парвои оташ дораду на парвои дуд. Тасвири сухани сардро бошад, аллакай гуфта гузаштам.
-Акнун фаҳмидам, рафиқ подполковник.
-Хуб аст, ки фаҳмидед, акнун дар атрофи Исмоили Мискин боз каме кор баред. Мо наметавонем бе далел нафареро дар зери соя монем.
-Хуб мешуд, ки ин корро ба зиммаи дигар кас во мегузоштед.
-Чаро ба зиммаи дигар кас? Шумо худ аллакай аз қисме аз “корнамоиҳои” ин ҳофизи худпараст огоҳ ҳастед.
-Ман қуввати рӯ ба рӯ шудан бо нафареро, ки дар дами пири дасти падарашро нагирифтааст, надорам.
-Ин танҳо аз назари худи шумост.
-Аз назари шумо чӣ?
-Давлат ҳимояи шаҳрвандонашро ба мо бовар намудааст, ҳамин аст бартарии мо. Модоме ки чунин аст, мо бояд ба хотири риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон камари ҳиммат бандем.
Он чӣ ки ҳамин ҳофизи худозада бо падар кардааст, албатта, рӯзе аз писараш хоҳад дид, чунин афрод дар ҷамъият кам нест ва рафту аз нигоҳи қонун ҳам раҳоӣ ёбанд, аз оташи ғазаби Холиқи пок ӯро роҳи гурез нест.
-Иншоолоҳ, - гуфта ман аз ҷой бархестам...
...18...
-Хуш омадед.
-Чӣ мефармоед?
-Як қаҳва.
-Тамом.
-Ҳоло ҳаминашро биёред, боз ягон фикр мекунем.
-Кӯҳ афтиду садояш чунин шуд, пас аз омадани сангрезаҳояш чӣ бӯйи умед? - гӯён пешхизмат, ҳамон духтараки чеҳрахандон бо қошу қавоқи гирифта аз наздам дур шуд...
Дар асл ман майли ба қаҳвахона ҳам даромадан надоштам, вале нохост додарам Наҷиб занг зада гуфт, ки бандаро дидан мехоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё