Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун аз мавқеи ҷой ба алоқа баромаданаш огоҳӣ ёфтам, ба вай координатҳои хешро додам.
-Тахминан баъди бист дақиқа расида меоям, беҳтараш ба ҳамон қаҳвахонаи дар наздат буда даромада бандаро интизор шав,

  • гуфт Наҷиб.
    Ҳарчанд Наҷиб дар нисбати банда хурд аст, вале дар гуфтору рафтор волояте дорад. Ин волоятро на танҳо мо бародарон, балки худи падарам ҳам эътироф мекунад...
    Ба хотири эҳтироми падар сухани ҷигарбандашро нашикаста, банда вориди қаҳвахона шудам ва бо чӣ касе рӯ ба рӯ шудам, шумо худ қазовот намоед.
    “Кӯҳ афтиду садояш чунин шуд,” ба ёд овардам суханони лаҳзае пеш аз забони пешхизмат шунидаамро ва таъбам хира гашт.
    Таҳқир аз ин беш намешавад, вале чӣ илоҷ ки ҷавоби ахмақ сукут гуфтаанд.
    Чун шарро ҳамеша ба муқобили хайр санг дар бағал аст, инсонро ба ҷуз астағфируллоҳ гуфтан чорае нест.
    Дар ҳамин асно ду дилдодае вориди қаҳвахона шуданд, вале мисли оне ки бало аз зери по мехезад, духтарак лағжиду пешхизмати ба хизмати банда камар баста ба вай бархӯрд...
    Лаъличаи дар дасти пешхизмат буда ҳамроҳи пиёлаи қаҳваи овардааш чун лаълии парон аз дасташ раҳо шуда, ба фарши мармарин бархӯрда пора-пора шуд.
    -Мардро дидаву ҳушат рафт! - Қариб ки ба сари духтарак дод зад пешхизмат.
    -Бубахшед.
    -Маълум, ки қиша ҳастӣ.
    -Қишааш чист?
    -Қишлоқӣ, аз дасти шумо қишлоқиҳо шаҳри зебои мо зебу таровати худро аз даст дода истодааст, илоҳо тухматон канда шавад!...
    -Дуруст, гуфтед, ки банда қишлоқиам, бандаро аз деҳотӣ буданам ғуборе дар дил нест, лекин ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки аз байни ҳазорон бонуи тарбиятдидаи шаҳрӣ ту барин беҳаёро кӣ ба ин коргоҳ роҳ додааст?!
    -Ман беҳаё?! - гӯён пешхизмат ба духтарак дарафтод ва ман маҷбур шудам, ки баҳри халосии онҳо аз ҷой бархезам.
пешина
аз 429
навбатӣ