Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шарм намедоред? Ин чӣ бетартибӣ?-гуфтам ман онҳоро аз ҳам ҷудо карда истода.
-Даматро гирифта, шин ба ҷоят?!-гуфт пешхизмат ба сӯям бо нигоҳаш теғу табар кашида ва боз илова намуд:
-Ба ҳамааш ту гунаҳкорӣ, барои як қаҳва шуда ба ин ҷо омадаӣ!
-Бас кунед! - гӯён аз тарафи ошхона марди тануманде баромада хост ба бенизомӣ нуқта гузорад, вале пешхизматро ин насиҳатҳо бештар ба ғазаб овард.
-Худаш чӣ гап? - ба тарафи он мард нигариста гуфтам ман.
-Бубахшед, додар! Ҳамагӣ як ҳафта аст, ки ӯро ба кор гирифтем, - ба тарафи пешхизмат ишора намуда гуфт он мард. - Дар ин муддат ӯ се маротиба чунин намоишҳо барпо кард. Охир мо аз куҷо медонистем, ки ин Худозада бо маводи нашъаовар сару кор дорад.
-Чӣ гуфтед?
-Ин кас кам-кам...
-Чӣ кам-кам?
-Ба фикрам, кам-кам аз ҳамон доруи зормонда мезанад.
-Ин тавр бошад, мо маҷбур мешавем, ӯро ба милиса барем,- гӯён ман ҳуҷҷатамро аз ҷайб бароварда ба вай нишон додам.
-Қурбонатон шавам, асло ин корро накунед, ӯро ба ҷуз як модари пир дигар касе нест, шумо ҳам модар доред, ба хотири модари хеш аз гуноҳи ин гесубурида гузаред. Ман дубора баромадани вайро ба толор чун пешхизмат роҳ намедиҳам, ба ӯ дар дохили ошхона кор ёфт мешавад...
-Шумо чӣ мегӯед? - хоҳар ба тарафи ҳамон духтараки ҳамроҳи ҷавон омада нигариста пурсидам ман.
-Ман даъвое надорам.
Маълум буд, ки духтар оқила аст. Бобоям илоҳо ҷояш ҷанат бошад мегуфт: “Боақл будан кам аст, боз боақлоне даркоранд, ки боақлро бифаҳманд.”
-Модоме ки ин бонуи зебо даъвое надорад, ман ҳам бо ӯ ҳамфикрам, вале шумо бояд ба мо ваъда диҳед, ки ӯ боз шӯру валваларо барпо намекунад.
-Метавонед осуда бошед.

пешина
аз 429
навбатӣ