Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мо се тан дигар аз баҳри тановул баромада, аз он манзил берун шудем.
-Хайрият, акаҷон, шумо будед, вагарна онҳо моро гунаҳкор мекарданд, - гуфт духтар.
-Ташаккур, ба шумо акаҷон! - изҳори миннатдорӣ намуд ҷавони дилдодаи он бонуи зебо, ки ҳатто ба ҷанҷол мудохила ҳам накард.
-Ҳеҷ гап не, вале як чизро аз хотир набароред.
-Чиро, акаҷон?
-Битарс аз оне, ки ӯ наметарсад аз Худо.
-Албатта, ҳамин гуфтаи шуморо аз хотир намебарорем, - ваъда доданд он ду дилдода ва бо ман худоҳофизӣ намуданд.
Ман то аз назар пинҳон шудани он ду нафар нигоҳамро аз сӯяшон канда натавонистам.
-Дар он тараф чӣ дидед? - дасташро ба китфам гузошта гуфт нафаре ки аз тарафи истгоҳ омада буд ва ман овози ӯро шинохтам.
-Ду дилдодаро, ду дилдодаи зеборо ва таманнои онро дорам, ки туро низ рӯзе ҳамин хел паҳлуи моҳи зебое бубинам,-ҳанӯз нигоҳамро аз қафои он ду нафар наканда гуфтам ман.
-Гумон мекунам, ки дуоятон мустаҷоб шуд.
-Чӣ, чӣ гуфтӣ? - гӯён ман ба тарафи соҳиби овоз тоб хӯрдам.
-Шинос шавед ин кас...
-Чаро ба даҳон об гирифтӣ? - духтари зебоеро дар паҳлуи Наҷиб дида пурсидам ман.
-Агар дуоятон назди худованд мустаҷоб шуда бошад, ин кас,
- Наҷиб ба тарафи духтараки дар паҳлуяш буда ишора намуда, - бояд худ номашро гӯяд.
Рухсораҳои духтар аз ҳаё лолагун шуданд ва ӯ сар ба зер афканд.
-Ин чӣ номаъқулист? Бо духтар як ҷо омадаю боз вайро масхара мекунӣ, магар ҳамин аст оини ҷавонмардӣ?
-Ман ба ин ҷо танҳо омадам, Фотимаро бошад, дар истгоҳ дидам ва чун шуморо ҳамроҳи он ду дилдода дидем, хостем таъбатонро болида созем ё гапам нодуруст?
Чун духтар сар ба зер афканда буду нигоҳи вайро надид, баҳри тасдиқи суханони Наҷиб каломе ба забон наовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё