Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Рухсораҳои аз ҳаё лолагунгаштаи духтар ба симои бе ин ҳам зебову худододи ӯ ҳусни дучанд зам мекард. Ботини касро донистан душвор аст, вале дар зоҳир Фотима бонуе буд, ки ба хироҷи мамлакат меарзид. Маълум буд, ки бародар ба хотири шинос намудани маҳбубааш ба ман занг зад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Наҷиб чизе гуфтан мехост, вале банда баъди он ҳама шӯру валвалаи дар қаҳвахона дидаам, ҳанӯз ба худ наомада будам.
Пешхизматдухтар ҳам бонуи зебое буд, вале афсӯс ки шарму ҳаёро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода.
Борҳо аз забони Ҳамид Ҷовид шунида будам, ки мегуфт:
-Ҳаё бошад, ки дорад одамизод, Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!
Наҷибу Фотимаро намедонам, вале андешаҳои банда аз чӣ бошад, сари як нуқтаи гирд намеомаданд. Ман ҳанӯз намедонистам, Наҷибро чӣ фикре ба ин вохӯрии таъҷилӣ маҷбур намудааст. Рафту агар ӯ мақсади аслии ба наздам омаданашро шарҳ медод, корамро осон мекард, вале чӣ илоҷ ки Наҷиб, Наҷиб буд...
-Хайр чӣ, ҳамин ҷо мешинем, - ниҳоят хомӯшии тӯлониро вайрон карда пурсидам ман.
-Гумон намекунам, ки мо дар сари роҳ масъаларо ҳал намоем, ба замми ин шумо ҳатто аз ҳамин қаҳвахона ҳам баромадед. Агар моро он ҷо интизор мешудед, беҳтар буд.
-Инаш нашуд, ба дигар ҷояш меравем, охир дар ҳамин шаҳри калон қаҳвахона аз мӯӣи сар зиёдтар аст.
-Ба фикрам, шумо бо бурдани қаҳвахона аз мо халос намешавед, ба замми ин ман танҳо нестам, - бо нигоҳи хеш бандаро “огоҳ” намуда гуфт донишҷӯ, ки шояд дар кисааш як танга ҳам набуд.
-Яъне ки ба тарабхона рафтан мехоҳед, гуфтам ман.
-Садқаи марди ақли фаҳм шавам, акаҷон. Охир шумо доимо як суханро такрор мекунед.
-Кадом суханро?
-Обат ки бурд, оби калонат бубарад.
Ҳарчанд ман бояд аз пайи кор мерафтам, вале лаҳзае ҳамроҳи бародар буданам ҳам шарт буд. Маълум буд, ки ӯ чизе гуфтан мехоҳад, вале аз ба забон овардани он худдорӣ мекунад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё