Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Набошад рафтем,-гуфтам ман ва худ аввалин шуда ба роҳ даромадам. Чанд қадаме гузошта дидам, ки ҳанӯз Наҷиб ҳамроҳи Фотмиа сари кадом мавзуе баҳс дорад.
-Чӣ гап шуд?- бо овози баланд пурсидам ман.
-Шумо равед, мо ҳозир расида меоем, - гуфт Наҷиб.
-Ба фикрам, суханат асар надорад, - ба тарафи онҳо чанд қадам гузошта гуфтам ман.
-Охир ин чӣ хел мешавад? - бо овози қариб нимшунаво мегуфт Фотима.
-Дар асл ман шуморо ба тарабхона таклиф мекунам, хоҳарҷон, донишҷӯро бошад, ба хотири шумо.
-Ана дидӣ, акаам ҳам ҳақиқатро гуфт, - ба чашмони Фотима нигариста гуфт Наҷиб.
-Охир ин чӣ хел мешавад? – боз бо овози ҳазин, вале маҳин гуфт Фотима.
-Нағз мешавад, ё мехоҳед, донишҷӯро ранҷонед?
-Не, не.
-Ин тавр бошад, рафтем, - гӯён ман боз ба роҳ баромадам. Чун ба сари чорраҳа расидам, ба қафоям нигаристам. Дидам, ки Наҷибу Фотима ҳарду паҳлуи ҳам омада истодаанд. Ҳарчанд мо борҳо масъалаи ҷуфт намудани сари Наҷибро дида баромада будем, вале худи Наҷиб (ӯ донишҷӯи факултети мусиқии тоҷикии Консерваторияи миллӣ) хонданро баҳона карда, садди роҳ мешуд, имрӯз бошад...
Дар ин бора ман ҳатто боре бо сарвари факулта устоди арҷуман, инсони ниҳоят шариф Ҳасан Алиевич Пиров, ки Наҷибро чун фарзанди хеш дӯст медорад, шикоят намудам.
Ҳасан Алиевич аз ин содагии банда завқе бурд магар ки гуфт:
Эй бехабар аз сӯхтаву сухтанӣ, Ишқ омаданӣ аст, на омӯхтанӣ.
Имрӯз бошад...
Зиҳӣ, эй инсоне, ки саропо ҳама панд ҳасти, зиҳӣ инсоне, ки бар зидди нобаробарию ноадолатӣ сухан мегӯӣ! Чун Ҳасан Алиевич фардеро, ки дарди дигаронро чун дарди хеш ба дил наздик қабул кунад, ман надидаам. Вақте ки Талабхӯҷа Сатторовректори Консерваторияи миллӣ (илоҳо рӯҳаш шоду манзили охираташ обод!) аз олам даргузашт, ману Наҷиб соати ёздаҳи шаб огоҳ шудем.

пешина
аз 429
навбатӣ