Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Он шаб Наҷиб то рӯз мижа таҳ накарда мегуфт:
“Чунин як инсоне, ки дасти ҳама гирифта, аз олам даргузашт:” То кунун рӯҳи устоди бузургворро ҳамин як сухани Наҷиб дар қалби ман зинда медорад. Ҳарчанд боре ҳам бо шодравон Талабхӯҷа Сатторов сари суҳбат набудам, вале меҳри шогирдро дар нисбаташ дида ӯро эҳтиром мекардам... Соле пас бо зарурате ба назди сарвари факулта рафтам ва ба хулосае омадам, ки шояд устоди арҷманд Талабхӯҷа Сатторов пой бардоштаю Ҳасан Алиевич пой гузошта...
Ман аз чорроҳа гузаштам ва чун дидам, ки Наҷибу Фотима низ аз чорроҳа нияти гузаштан доранд, роҳамро давом додам.
Дар рӯ ба рӯи тарабхона ман истодам ва ин дафъа интизори омадани Наҷибу Фотима шудам. Ниҳоят онҳо ҳам расиданд ва мо ҳар се якҷоя вориди тарабхонаи “Барги сабз” шудем...
Ин даъфа зани миёнсоле моро хайрамақдам гуфт ва бо чеҳраи кушод талабу дархостамонро ба дафтарчааш навишта рафт.
Тахминан баъди даҳ дақиқа ӯ бо лаълии калоне наздамон ҳозир шуд. Тайи ин муддат ман фаҳмидам, ки Фотима ҳам чун Наҷиб донишҷӯ будааст, вале дар донишгоҳи дигар.
Ба саволҳои банда Фотима базӯр бо овози қариб нимшунаво посух мегуфт. Дар омади гап банда пурсидам, ки муносибати ӯ ва Наҷиб дар кадом поя қарор дорад. Духтарак гуфт, ки бо Наҷиб муносибати дӯстона дорад, ба таври дигар гӯем ҳамин хел шиносанд.
Наҷиб ҳам ба саволҳоям посухи мушаххас надод. Ҳамаи ин сабаб шуду ман чизеро нафаҳмидам, ки ин ҳама даъвати таъҷилиро сабаб чист.
Соате мо дар тарбхона тановул намудем ва чун дидам, ки Наҷиб нияти хестан дорад, пешхизматро даъват намуда, бо ӯ ҳисобу китоб намудам. Сипас мо аз тарабхона баромадем ва Наҷибу Фотима бо ман худоҳофизӣ намуда, ба самти муқобили роҳ гузаштанд. Аз ин рафтори Наҷиб ғазабам дучанд шуд, охир ман корамро монда, ду соати расоро сарфи вохӯрӣ бо вай намудам, вале ӯ бошад, сабаби ин даъвати таъҷилиашро нагуфт.
Дар ҳамин ҷо ҳам ӯ волоияти хешро нишон дод. Маълум буд, ки ӯ чизе гуфтан мехост. Бегоҳӣ барвақттар ба хона рафтам. Наҷиб ба торҳои дутор нохун мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё