Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дурусттар гӯш намудам, ки дутор чунин нола дошт:
Эй бехабар аз сӯхтаву сухтанӣ, Ишқ омаданӣ аст на омӯхтанӣ.
-Ва на танҳо ин, - гуфтам ман.
-Боз чӣ? - дуторро ба замин гузошта ба истиқболам бархеста пурсид ӯ.
-Ишқ ҷасорат аст. Зан бошад қалъаест, ки онро фақат марди ҷасур метавонад тасхир кунад.
-Пас бидон ва огоҳ бош, ки ҳамон марди ҷасур ҳамин лаҳза дар рӯ ба рӯят истодааст,- гуфт Наҷиб табассуми зебое намуда...
...19...
-Пешхизмат гуфтед?
-Ҳа, пешхизмат.
-Ному насабаш?
-Номаш Фариза, ба ҳар ҳол дар пеши бараш чунин навишта шуда буд.
-Ному насаби он марди тануманде, ки ба ёриатон омад.
-Ман ному насаби вайро напурсидам.
-Шояд вай баҳри аз варта баромадан ба шумо дурӯғ гуфтааст.
-Намедонам.
-Гумон мекунам ки чунин аст.
-Ба ин ҷо, рафиқ майор, ман на барои он омадам, ки суханони хешро ба зери шубҳаи шумо монам.
-Модоме ки чунин аст, пас чаро дирӯз чорае наандешидед?
-Чӣ хел чора? Шумо чиҳо мегӯед?
-То ҷое, ки банда огоҳӣ ёфтам, пешхизмат қариб авбошӣ содир намуда, шумо бошед, рафиқ капитан, ба ҳодисаи дар зери биниатон рухдода аз паси панҷа нигаристед.
-Дар он соат дар қаҳвахона қариб касе набуд, ба ҷуз худи мо иштирокчиён дигар касе он ҳодисаро надид.
-Ман шуморо ҳеҷ нафаҳмидам.
-Аслан ман ҳам даъвое надорам, ки вайро рафта ба дор кашед.
-Даъво надоред, вале баҳри шикоят омадед.
-Худоё, шумо чиҳо гуфта истодаед?
-Андешаҳоямонро гуфтам, модоме ки худ чорае наандешидаед, пас чӣ лозим дигаронро нороҳат намудан?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё