Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳайфи онҳое, ки ин курсиро ба шумо бовар намудаанд, - гӯён ман аз аз ҷой бархестам.
-Истед, истед...
-Ман бошам афсӯс бар он мехӯрам, ки вақтамро беҳуда сарф намуда, ба ин ҷо омадам, - гӯён аз дафтари кории сарваколатдор оид ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШКД-и ноҳияи Сино майори милиса Нуъмони Шодӣ баромадам.
“Дар ноомади кор атола дандон шиканад,”- гуфтагӣ барин шуд. Чун пой ба остонаи бинои коргоҳ гузоштам, ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Зикриёи Сайдбек ҳушдорам сохт, ки соате боз иҷрокунандаи вазифаи сардори милиса Раҷабов дар суроғи банда ҷой нишасти хешро гум кардаст.
-Чӣ, ягон гап шудааст?
-Намедонам, - китф ба ҳам кашида гуфт ёрдамчии навбатдор.
Дилу бедилон ба тарафи дафтари кории муовини аввали сардор ҳаракат намуда ба дар ангушт задам.
-Марҳамат дароед, - гулӯ рӯшан намуд нафаре, ки ба суроғи банда дасту остин барзада буд.
Дарро кушода ба таври низомӣ аз ҳозир шудани хеш гузориш додам.
-Дар куҷо мегардед?-баробари ба остонаи дафтари кориаш қадам гузоштанам пурсид Сафар Бобохонович.
-Ба ШКД-и ноҳияи Сино рафта будам.
-Рафта ягон масъалаи муҳимро ҳал кардед?
-Баръакс ягон масъаларо ҳал накардам.
-Набошад. пеш аз оғози рӯзи корӣ чаро ба он ҷо рафтед?
-Мехостам ба нафаре ёрӣ диҳам, вале бандаро дуруст нафаҳмиданд.
-Беҳтар мешуд, ки гузашта менишастед, - гуфт муовини аввали сардор.
-Ташаккур, - гӯён ман ба курсӣ нишастам.
-Шуморо дуруст нафаҳмиданд, ҳамин хел?
-Ҳамин хел.
-То ҷое ман иттиллоъ дорам, милиса ҳеҷ гоҳ аз иҷрои амали нек саркашӣ накардааст, шумо бошед бандаро бовар кунонидан мехоҳед, ки чунин як ҳолат рух дода.
-Гулзор ҳам бе хор нест.

пешина
аз 429
навбатӣ