Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ин гапи дигар, рафту агар ба мо бовар намоед, ваъда медиҳем, ки дар чорсӯи зиндагӣ танҳоятон намегузорем.
Ман ҳодисаи ба сари пешхизмати қаҳвахона омадаро бе ягон обу ранги зиёдатӣ ба самъи нафаре расонидам, ки аз нигоҳи навбатдор дар суроғи банда соате ҷои нишасти хешро гум намуда...
-Бубинед, мо то ба куҷо рафтем, нафаре дар давоми ҳафта қариб се маротиба осоиши мизоҷонро халалдор намудааст, вале худи атрофиён ба ҳамаи ин аз паси панҷа нигаристаанд. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро шумо, рафиқ капитан, ба ҳодисаи рухдода аз нигоҳи қонун баҳо надодед?
-Дар ин бора ман андешаҳои хешро соате пештар ба майори милиса Нуъмони Шодӣ баён намудам, вале вай бандаро нафаҳмид.
-Аз нигоҳи қонун ман ҳам бо шумо ҳамфикр буда наметавонам ва баҳри собит намудани суханони хеш якчанд далел оварданиам, рафту агар шумо, рафиқ капитан, зид набошед.
-Чун мақоми мо баробар нест, ман чӣ тавр эътироз намуданамро намедонам.
-Набошад, ба иловаи он ҳама гуфтаҳоятон боз далеле биёред, то банда аз шунидани он қаноатманд шавам.
-Инсонро ба ҷарӣ тела додан осон аст, вале ӯро аз он ҷо баровардан душвор. Чун банда аз забони ҳамон марди тануманд фаҳмидам, ки пешхизмат духтараки “хуморӣ” аст, дилам ба ҳолаш сӯхт. Албатта, бо ҷазо додани вай мо пеши роҳи маводи мухаддирро дар ҷомеа гирифта наметавонем. Барои ин мо бояд сарчашмаи интиқоди ин маводро пайдо ва саркардагони онро саркӯб намоем, ки дигар то қиёмат барнахезанд.
-Ин танҳо орзуи нек асту бас, ё андешаҳои шумо дигархелтар аст?
-Не, вале мо набояд лаҳзае аз мубориза алайҳи онҳое, ки дар интиқоли маводи мухаддир даст доранд, фориғ бошем.
-Мо, албатта, фориғ нестем, вале интиқолдиҳандагони ин вабои аср ҳам бекор нанишастаанд.
-Медонам.
-Аз рӯи маълумотҳои оперативӣ барои як нафаре ки мубталои ин вабои аср аст, дар давоми як шабонарӯз қариб бист сомонӣ зарур аст, то талаботи хешро қонеъ гардонад.Дар давоми як моҳ бошад қариб шашсад сомони.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё