Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Пас тасавур намоед, ки аз ҳисоби чунин роҳгумзадагон деги қаландарҳо чӣ хел дар ҷӯш аст...
-Баҳс намекунам.
-Мегӯянд, ки “аз пушти шоли кирмак ҳам об мехӯрад,” ё гапам нодуруст?
-Ҳақ ба ҷониби шумост.
-Агар ҳақ ба ҷониби банда бошад, пас бигӯед, ки оё ҳамон марди тануманд ё худ ландаҳури қаҳвахона ба хотири пешхизмат ва ё модари пири ӯ сарашро назди шумо паст намуда илтиҷо кард?
-Намедонам, дурусттараш дар ин бора фикр накардаам.
-Бояд фикр мекардед. Чун шумо ӯро марди тануманд арзёбӣ намудед, ҳаминро гуфтаниам, ки инсон бо меҳнати ҳалол ҳаргиз ландаҳурсурат нахоҳад шуд ва ҳамин ландаҳур бо як тир ду нишон задааст.
- Чӣ хел?
-Пеш аз ҳама, ӯ мақому манзалати хешро нишон дода, пешхизмати ба қавле чор танга қарздорро боз ҳам бештар пойбанди хеш намудааст. Акнун духтар боварӣ дорад, ки сухани шефаш дар ҳама ҷо мегузарад ва дигар аз ягон амри вай сар печида наметавонад.
Дуюм, рафту агар бо вай духтар ҳодисае ҳам рух диҳад, вай марди ландаҳурсимо хоҳад гуфт, ки дар ин бора милиса ҳам хабар дошт ва ному насаби шуморо ба забон хоҳад овард.
-Намедонам, вале дар асл вай марди бад набуд.
-Бигузор гуфти шумо шавад, вале нафаре, ки мубталои бемории нашъамандист, ҳуқуқҳои хешро дифоъ карда наметавонад, ки ин ба манфиати корфармост.
-Шояд чунин ҳам бошад, вале мо бояд дасти ҳамон духтаракро бигирем.
-Шумо аллакай ӯро даст гирифтед.
-Чӣ хел?
-Чунки ба ҳама аъмоли вай аз паси панҷа нигаристед.
-Мардӣ набувад фитодаро пойи задан.
-Ба андешаи шумо пешхизматдухтар инсони фитода буд?
-Бе андеша ҳам онҳое, ки ба маводи мухаддир дил бастаанд, дар зиндагӣ роҳгумзадаанд. Дасти чунин нафаронро гирифтану ба роҳи рост ҳидоят намудан қарзи ҳар як фарди ҷомеа аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё