Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба деҳаҳои соҳили Ому рафта ба чунин хулоса омадед, ё пештар ҳам андешаҳоятон чунин буд?
-На ҳама он нафароне, ки дар истеҳсол, интиқол ва истеъмоли маводи мухаддир даст доранд, на аз рӯзгори хуш ба чунин амал даст задаанд.
-Аз нигоҳи қонун ин дараҷаи гуноҳро кам намекунад.
-Инаш рост, вале ҳама кор таҳлил мехоҳад. Барои ҳар як ҳодисаи рухдода таҳлили амиқ лозим. Гумон мекунам, ки пешхизматдухтари қаҳвахонаи “Рухсор” аз рӯзгори хуш не, балки аз нобасомониҳои зиндагӣ даст ба ин кор задааст ва то хатои хеш фаҳмидааст, ки аллакай мубталои ин беморӣ шуда. Маҳз ба ҳамин хотир соате пештар ман ба ШКД-и ноҳияи Сино рафтам...
-Боз чӣ?
-Дар яке аз деҳаҳо ба ман гуфтанд, ки соле пештар ду ҷавони тахминан бист-бисту дусола ҳангоми аз ағбаи Хобу Рубот гузаштан беному нишон гум шудаанд.
-Чӣ хел гум шудаанд?
-Чунки онҳо роҳи ростро гузошта тавассути пайроҳаҳои пиёдагард мехостанд ағбаро убур намоянд.
-Яъне, ки онҳо...
-Дуруст фаҳмидед, вале гумон намекунам, ки бори мебурдагии онҳо аз худашон бошад. Аксари мардуми он маҳалла низ чунин мешуморанд.
-Модоме ки онҳо бурдани борро ба душ гирифтаанд, пас чаро мо собит кардан мехоҳем, ки ҳарду ҷавон гуноҳе надоштанд?
Гумон доред, ки падару модари ҳарду ҷавон аз кардаи фарзандонашон бехабар буданд?
-Намедонам.
-Ман бошам аз ҳамон ҳодиса бохабарам. Он ду ҷавони гуфтагиат на як бору ду бор ба нашъаҷаллобон ёрии амалӣ дода буданд, бехабар аз он ки кӯза на ҳамеша аз лаби чашма бе осеб бармегардад.
-Шумо гуфтаниед, ки онҳо таваккал намуданд?
-Истеҳсол, интиқол ва ҳатто истеъмоли маводи мухаддир саропо таваккал аст. Яке дидаю дониста бархилофи қонунҳои ҷорӣ ва ҳатто исломӣ баромада, баҳри манфиати хеш онро кишт мекунад ва бо чӣ азобҳое баҳри фӯруш омода месозад. Дигаре бо нархи ночизе онро мехарад ва ҷонро дар хатар гузошта, баҳри аз сарҳад гузаронидани он кушиш ба харҷ медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё