Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан худи звенои болоии наркобаронҳо ҳаргиз худашон ба таври ростхата ба ин кор даст намезананд, онҳо дар ҳамаи ин амалҳо аз хизмати миёнравон истифода мебаранд. Миёнравон бошанд, аз хизмати онҳое, ки ба пул ниёз доранд. Бубинед, ҳамарӯза дар сарҳад чӣ задухӯрдҳое байни аскарон ва нашъаҷаллобон намешавад, вале боз ҳастанд ҳолатҳое ки баъзе сарҳадбонон аз рӯи манфиати шахсӣ шуда ба нашъаҷаллобон ёрӣ медиҳанд. Хушбахтона, чунин нафарон ангуштшуморанд. Таҳлили парвандаҳои дар суд мавриди баррасӣ қароргирифта нишон медиҳад, ки нашъаҷаллобон тайёранд, барои аз сарҳад гузаронидани бор ба сари ҳар килограмми он барои як чашмашро пӯшидани сарҳадбон ҳамон нархеро пардохт намоянд, ки маводро харидаанд. Ба таври дигар гӯем, сарҳадбон метавонад ба ивази он ки як чашмашро пӯшидаасту дар гузаронидани маводи мухаддир шароит фароҳам овардааст, аз интиқолдиҳанда ба ивази ҳар як килограмм панҷсад доллар ширинкома бигирад. Кам ҳолатҳое ҳастанд, ки тафтишот ҳамаи донаҳои ин шаддаи муракабро кушояд. Ба таври дигар гӯем, дар ҳолати ба даст афтодани гурӯҳи нашъаҷаллоб собит кардани гуноҳи нафаре, ки ҳимояи сарҳадро ба душ дошт, хеле душвор аст.
Ҳамин тариқ то убури сарҳад нархи як килограмм маводи сахттаъсири героин ҳазор долларро ташкид медиҳад, вале ин баҳри нашъаҷаллобон қатрае аз баҳр аст, чунки ҳар қадар бори аз соҳили чапи дарёи Ому омада масофаву сарҳадҳои зиёдтаро убур намояд, ҳамон қадар қимати вай меафзояд.
Аз рӯи ҳисобҳои омори як килограмм бори аз Афғонистон бо нархи панҷсад доллар харидашуда дар шаҳрҳои марказии Россия то ҳаштод ҳазор доллар фурухта мешавад. Ана бинед тавофут аз куҷо то бар куҷост.
-Яъне доллари сабз чун чароғаки сабз аст гӯед.
-Ҳамон коғази сабзи мегуфтагиат қобилияти рахна намудани истеҳкоми ҳафтқабатаро дорост, мефаҳмед?
-Акнун фаҳмидам.
-Вале ман шуморо на барои чунин суҳбати пурмоҷаро даъват намуда будам.
-Шуморо гӯш мекунам, рафиқ подполковник.

пешина
аз 429
навбатӣ