Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Қиёми Абдулхайр ҳамсари хиёнатпешаашро тариқи телефон се талоқ намуда гуфтааст, ки аз манзили зисташ баромада равад.
-Албатта, касе ба гӯши эшон ин хабари шумро расонидааст.
-Девор муш дорад ва муш гӯш. Чун майори милиса Ибодов баҳри таҳсил ба Академия рафтааст, дар фурудгоҳ пешвоз гирифтани меҳмонро ба души шумо ва лейтенанти калони милиса Бахтиёри Қурбоналӣ вомегузорам. Аз рӯи маълумотҳои
25 гирифтаамон тайёра соати 21 дақиқаи вақти маҳалӣ ба фурӯдгоҳи шаҳрӣ мефарояд. То он вақт қариб даҳ соат вақт доред, вале аминам, ки тайи ин муддат як сари қадам рафта бо Матлубаи Гурез суҳбат мекунед.
-Дар ин бора муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз бо вай суҳбати расмӣ дошт.
-Чӣ хеле ки гуфтам, ҳамаги чанд соате пештар зану шавҳар тариқи телефон ҳам бошад, байни худ муноқиша намуданд. Мор то лаҳзае осоишашро халалдор накунед, орому сокит аст, вале чун фаҳмад ки мақсади шумо чандон пок нест, албатта, кӯшиш мекунад, то неши хешро дар баданатон гузорад.
-Шуморо фаҳмидам.
-Бисёр хуб, акунун мегуфтед, ки дар бораи он ҳофизи худозада чӣ маълумоте ба даст овардед?
-Дар бораи Исмоили Мискин?
-Бале.
-Чун дирӯз ин кор ба ман даст надод, бегоҳӣ иҷрои онро ба зиммаи Абдурашиди Шариф гузоштам.
-Ин хел бошад аз пайи Матлубаи Гурез шавед, - гӯён Раҷабов ба идомаи суҳбати нуқта гузошт...
...20...
Дарро ба рӯям худи соҳибхона кушод. Ҳарчанд ӯ маро дар рӯзи сар задани ҳодиса дида бошад ҳам, вале бо нигоҳи маҳзунаш сар то қалами бандаро палмосид...
-Ман аз милиса, - гӯён хостам даст ба ҷайб бурда шаҳодатномаи хизматиамро барорам.
-Медонам, марҳамат ба хона дароед, - гуфт ӯ.
-Ташаккур, - гӯён ман пой ба остона гузоштам. Боронӣ ва туфлиамро кашида, аз қафои соҳибхона то меҳмонхона рафтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё