Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ӯ курсиеро бо ишораи даст ба ман нишон дода, худ дар курсии муқобил дар рӯ ба рӯям нишаста гуфт:
-Хуш омадед. Чой биёрам?
Ман рад намудам.
Ӯ сабаби ташрифамро пурсон шуд.
-Мо аслан донистан мехоҳем, ки шавҳаратон аз ҳодисаҳои рухдода огоҳ ҳаст?
-Чаро дар ин бора аз худаш нею аз ман мепурсед?
-Аслан мо намехоҳем, ки болои сӯхта намакоб пошем.
-Яъне, дилатон ба вай месӯзад.
-Ман ин хел нагуфтам, вале чун шавҳаратон бифаҳмад, ки милиса занг задааст, хавотир хоҳад шуд. Охир ӯ на дар ватан, балки дар хориҷи кишвар аст.
-Барои ман дигар фарқе надорад, ки ӯ дар куҷост.
-Чаро?
-Чунки вай аллакай хулосаи хешро гуфт.
-Чӣ хел хулоса?
-Ӯ бандаро се талоқ дод.
-Кай?
-Тахминан чор соат пештар.
-Шумо аллакай вохӯрдед?
-Не ӯ, суханҳои дар дил доштаашро тариқи телефон гуфт ва на танҳо ин.
-Боз чӣ?
-Вай талаб дорад, ки ҳамчун ёри бевафо ман то омаданаш аз ин хона баромада равам, вале ман ба ягон ҷо рафтанӣ нестам, мемураму намеравам.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр вай аз ин ҳодиса огоҳ шуд?
-Худам ҳам намедонам, вале ин чандон муҳим ҳам нест. Ман бисёр мехостам, ки пеш аз оне, ки ин суханонро бишунавам (талоқ дар назар аст), як бори дигар ба чашмонаш назар намоям.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, дар ҳодисаи ба саратон омада худи шавҳаратон гунаҳкор аст.
-Ҳарчанд ман чунин гуфтанӣ набудам, вале дар асл чунин аст.
-Бовар намекунам.
-Акнун ки ман ба чашми ҳама чун зоғи ало метобам, дигар чӣ ҷойи пинҳон намудан. Не, ман намегуям, ки фаришта будам, вале то замоне ман шаъну шарафи хешро нигоҳ доштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё