Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он рӯз муфаттиши прокуратура бехабар аз асли воқеа борони нафратро ба сарам рехт. Лабамро зери дандон гирифта, астағфируллоҳ гуфтам.
Гумон кардам, ки шавҳарам меояд ва мо ин масъаларо дар доираи оила мавриди муҳокима қарор медиҳем. Гумон накунед, ки ман девона ҳастам, вале як чизро бояд гӯям, ки баъди ҳодисаи рухдода пойдор мондани муносибатҳои оилавии мо ба гумон буд. Банда низ баъди “корнамоиҳоям,” албатта, ба санади “таслимшавӣ” имзо мегузоштам, вале дар он ҷо низ ман шарти хешро мегузоштам.
-Чӣ хел шарт?
-Гуфтам-ку, ман сарамро медиҳаму хонаро не.
-Масъалаи молумулкиро, албатта, суд ҳал мекунад ва шумо ҳам ҳиссаи хешро хоҳед гирифт.
-Ба ман ҳисса лозим нест ва ман бояд хонаро пурра гирам.
-Аз нигоҳи қонун чунин амал ғайриимкон аст.
-Аз нигоҳи қонун дуруст, вале аз нигоҳи банда гирифтани хона барои ман чандон душворие надорад.
-Шояд мақсадатонро рӯшантар карда баён намоед.
-Чияш норавшан аст?
-Ҳамааш, чунки нигоҳи шумо ба худи қонун мутобиқ нест.
-Ин танҳо аз назари шумо.
Ман ба хулосае омадам, ки мусоҳибам ниҳоят дар ғазаб аст, маҳз ҳамин ғазаб метавонад рози ниҳонро дар ҳодисаи рухдода ошкор намояд. Аз чӣ бошад, ки суханони соате пештар гуфтаи муовини сардори ШКД Раҷабовро дар ҳамин лаҳза ба ёд овардам:
“Мор то лаҳзае, ки осоишашро халалдор накунед, орому сокит аст, вале чун фаҳмад, ки мақсади шумо чандон пок нест, албатта кӯшиш мекунад, ки неши хешро дар баданатон гузорад...” Аз рӯи таҷрибаи кории хеш медонистам, ки чунин лаҳзаҳо нотакроранд ва ҳама гуна хатое метавонад дар тафтишот душвории иловагӣ биёрад, аз ин рӯ гуфтам:

  • Аз нигоҳи шумо чӣ?
    -Аз нигоҳи ман?
    -Бале аз нигоҳи шумо.
    -Пеш аз он ки ба ин суолатон посух бигӯям, мехостам аз шумо як чизро бипурсам.
    -Марҳамат.
пешина
аз 429
навбатӣ