Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Оё шумо чӣ будани гаравгонгирифтаро медонед?
-Дар таҷрибаи кории худам чунин ҳодисаро вонахӯрдаам, вале дар асл медонам, ки ин ҳодисаи хеле нанговар аст.
-Вале ман чунин ҳодисаро бо чашми хеш дидам ва чӣ будани онро дарк намудам, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Чор моҳ пештар, вақте бандаро ба гарав гирифтанд, шумо дар куҷо будед?
-Чунин ҳодиса умуман дар милиса ба қайд гирифта нашудааст.
-Медонам, рафту агар ҳодисаи мазкурро ба қайд мегирифтанд, ҳоло ман ҳамроҳи шумо суҳбат намекардам. Рафту агар ҳодисаи мазкур бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл мешуд, ҷисми ҳамсояи моро, ки муддати на чандон тӯлонӣ ба ивази “хизматҳояш” бандаро пойбанди хеш намуд, аз даҳлези хонаи мо намеёфтед.
-Ба ивази кадом хизматҳояш?
-Ӯ бандаро аз дасти онҳое, ки маро ба гарав гирифта буданд, озод кард. Мефаҳмед ӯ чӣ кореро анҷом дод?
-Чӣ гуям?
-Росташро.
Ҳарчанд ман мақсаду мароми мусоҳибамро ба хубӣ дарк намуда будам, вале ба мақсади рӯшантар намудани рафти ҳодиса гуфтам:
- Шуморо дуруст нафаҳмидам.
-Чӣ хеле гуфтам, чор моҳ пештар дар рӯзи равшан, ҳангоми ҳаракат дар кӯча маро дар роҳ маҷбуран ба мошине шинонданд.
-Пас чаро дод назадед ва мардуми роҳгузарро ба ёрӣ даъват накардед?
-Чунки онҳо на дар ҷои серодам, балки дар кӯчае ки пашша пар намезад, таппончаро ба шонаҳоям гузошта амр намуданд, ки ба мошин шинам. Дар ҳамон лаҳзаҳо ман дарк намудам, ки бо онҳо шӯхӣ намудан ин баробари ба марги хеш имзо гузоштан аст.
Аз ин рӯ, каломе ба забон наоварда вориди мошин шудам.
-Баъд чӣ шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё