Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Баробари ба мошин нишастанам, нафаре, ки дар паҳлуи чапи курсии қафо менишаст ва ҳатто аз мошин нафаромада буд, гуфт:

  • Аслан ман розиям, ки ба ивази қарзҳоям ҳамин хонумашро ба канизӣ қабул намоям.
  • Чӣ хел қарз? Шумо чиҳо гуфта истодаед? - қариб ки дод зада гуфтам ман, вале чун мошин аллакай ба ҳаракат даромада буд, садоямро дигар касе нашунид.
    -Инро беҳтар мешуд, ки аз шавҳарат мепурсидӣ, - оромона гуфт ҳамон мард, ки шояд ду умри бандаро ёд дошт.
    -Шояд дар ин ҷо хатое шуда бошад?
    -Шумо ҳамсари Қиёми Абдулхайр, фақат росташро гӯед, вагарна сари сабзатонро ба бод хоҳед дод, - ба чашмонам нигариста гуфт ҳамон нафари дар паҳлуи чапам нишаста.
    Лаҳзае ман хомӯш мондам то вазъи ба вуқӯъ пайвастаро дар мизони ақл баркашам.
    -Ба саволи шеф ҷавоб деҳ, - таппончаро ба баногӯшам гузошта гуфт нафаре ки маро аз роҳ боздоштаву ба мошин шинонда буд.
    -Ҳа, ман ҳамсари ҳамон кас мешавам, - дилу бидилон гуфтам ман.
    Баъди ин онҳо чашмонамро бастанд ва боз муддати қариб ним соат мошин дар ҳаракат буд.
    Дар интиҳо мошин бозистод ва ман бо ёрии нафари дар паҳлуи ростам нишаста бо ҳамон чашмони баста фаромадам. Чун дастонам озод буданд, дасти ростамро бардоштам то чашмонамро кушоям, вале зарбае ба дастам расиду ман аз райъам гаштам. Дар ҳоле ки ман ҳанӯз ба худ наомада будам, садои аз он манзил дуршавии мошинро шунидам.
    -Бо ин байтал чӣ кор мекунем? - овоз баровард нафаре, ва ман ба хулосае омадам, сухангӯ ҳамон нафарест, ки дар паҳлуи ростам нишаста буд.
    -Чӣ кор мекардем, модоме ки мақсаду мароми шеф дигар аст,
  • овоз рӯшан кард нафари дуюм ва ман овози ӯро шинохтам.
    Посухгӯ ҳамон нафаре буд, ки таппончаро ба баногӯшам гузошта буд, то ба саволи шефаш ҷавоб гӯям. Ба фикрам, калимаи “шеф” дар забони вай чун калимаи бисмиллоҳ нишаста буд. Ҳарчанд чашмонам ҳам баста шуда буданд, вале ба хулосае омадам, ки нафари дар паҳлуям нишаста нисбати шефаш эҳтироми беандоза дорад.
пешина
аз 429
навбатӣ