Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нафари дуюмро ман фақат як лаҳза ҳангоми ба мошин нишастан дида будам, агар сухангӯи аввала дар ҳақиқат ҳамон кас бошад.
-Хайр, биё рафтем, - гуфт сухангӯи дуюм ва аз ду тараф ду даст зери оринҷам даромада маро ба пеш тела доданд. Хостам доду фарёд бардорам, вале чун чашмонам баста буданду намедонистам дар куҷоям, нахостам нотавонии хешро ошкор созам.
Тахминан даҳ-понздаҳ қадам гузошта будам, ки дар қадами навбатӣ поям лағжид, вале чун дастони пурқуввате аз ду тараф дар зери бағалам буд, наафтидам. Дар ҳамон ҷо фаҳмидам, ки мо аз зинаҳо ба поён фаромада истодаем. “Оқибаташ ба хайр шавад,”- аз дил гузаронидам ман ва зинаҳоро шумурдан гирифтам. Дар се гардиш бистуду ё шояд бистучор зинаро фаромадем. Сипас нафаре, ки аз тарафи чапам буд, дасташро аз зери оринҷам гирифт ва ман садои кушодани қулфи дарро шунидам. Баъди лаҳзае, нафаре, ки аз тарафи рост дастамро медошт, ба пеш ҳаракат кард ва ман ҳам дилу бедилон чун ӯ дар паҳлуяш ба ҳаракат даромадам.
Баъди панҷ-шаш қадам мо боз ба тарафи рост тоб хӯрдем ва боз чор-панҷ қадам гузошта истодем.
-Каме сабр намоед, - овоз рӯшан кард нафаре, ки бандаро ба байтал шабеҳ дода буд.
-Ҳамин рӯшноӣ кифоя аст, боз чӣ мехоҳӣ? - овоз рӯшан кард нафаре, ки дар паҳлуи ростам буд.
-Баъд мефаҳмед, - гуфт сухангӯи аввала.
Ниҳоят чашмони маро кушоданд. Худро дар таҳхонае дар байни ду ҷавонмарде дидам, ки бо кӯшиши онҳо ба мошин нишаста будам. Ягона чизе ки дар он таҳхона писанди банда омад, ин ҳамон рӯшноии барқӣ буд. Ба ҷуз ин, дар он ҳуҷраи зеризаминӣ, ки андозаи чор ба шаш метрро дошт, як кати оҳанин ва ду кӯрпаи нимдошт ба чашмам бархӯрд.
Нафаре, ки дар паҳлуи ронанда менишаст, баъди кушодани чашмонам дастонашро молиш дода – молиш дода, ба наздам омада сар то қадамамро бо нигоҳаш палмосида, “байталчаи зебо будааст,” - гӯён дасташро болои анорҳои пеши барам гузошт.

пешина
аз 429
навбатӣ