Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба ман даст нарасон! - гӯён торсакии обдоре ба баногӯшаш фаровардам.
-Дастатро мешиканам! - гӯён ӯ чун гург ба ман дарафтод.
-Бас кун! - дод зад ба сари вай рафиқаш, вале ҳамон як мушт аллакай ӯро девона карда буд, ки баробари ба замин афтониданам маро ба зери мушту лагад гирифт.
-Ман ба ту нишон медиҳам, ки ба сари мард даст бардоштан чӣ маъние дорад! - дод зада амали хешро давом медод ӯ. Ба ҳар ҳол ман мекӯшидам, ки зарбаҳояш ба сару рӯям нарасанд.
-Ақлатро хӯрдӣ магар? - гӯён рафиқаш бо азобе ӯро дошта ба ман амр намуд, ки аз ҷоям бархезам.
-Чаро ту ин фоҳишаро пуштибонӣ мекунӣ, ё дилат ба ӯ мекашад, агар чунин аст чун мард иқрор шав, ман туро ҳамроҳаш танҳо мегузорам, вагарна ба ман халал нарасон! - дод зада мегуфт васии ба хашмомада.
-Ором шав, байталчаи гуфтагиат дар ҳақиқат зебост, вале ту худ шунидӣ, ки шеф худаш ба вай чашм ало кард, Аҷаб нест, ки ӯ худаш ин байталчаи мегуфтагиатро...
Чун занги дар садо дод, соҳибхона суханашро бурида, аз ҷой бархест. Тайи ҳамин як лаҳзаи кӯтоҳ ман бори дигар хонаро бо нигоҳи хеш ба қавле рӯбу чин намудам. Ба ҷуз ҳамон як сурати болои ҷевон, ки он ҳам ба худи соҳибхона тааллуқ дошт, дигар чизе диққатҷалбкунандаеро дар он меҳмонхона надидам. Ҳатто дар ҷевон, ки пур аз чойнику пиёлаҳои хушранг буд, китоберо надидам...
-Ширфӯруш будааст, - баробари аз нав вориди меҳмонхона шудан бандаро огоҳ намуда гуфт соҳибхона.
-Мехостам суҳбатамонро давом диҳем.
-Шояд як чой монам?
-Дар анҷоми суҳбат, албатта, чой ҳам менӯшем.
-Ихтиёр шуморост, - гӯён соҳибхона боз чанд қадами дигар гузошта ба курсӣ нишаста, оҳи сарде аз дили пурдард баровард.
-Ба шумо чӣ шуд? - авзои парешони вайро дида пурсидам ман.
-Ҳеҷ гап не, ҳамааш мегузарад, баъди он ҳодисаҳо асабам хароб шуд.
-Баъди кадом ҳодисаҳо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё