Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Баъди оне, ки ман се шабонарӯзро дар ҳамон таҳхона гузаронидам.
-Онҳо бо шумо муносибати бад намуданд?
-Не, вале агар мехостанд, ҳар кор аз дасташон меомад. Ба ҳар ҳол ҳамон нафаре ки таппончаро ба баногӯшам гузошта буд, дар он ҷо ҳам пушту паноҳам шуд. Ин ҳамааш ба хотири ман буд ё ба хотири шефаш, бароям то кунун муаммост.
-Сабаби ба гарав гирифтанатонро нагуфтанд.
-Гуфтанд, ки шавҳарам шефи онҳоро дар кадом коре фиреб додааст.
-Он чӣ коре будааст?
-Аниқашро намедонам, вале ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки бо гуноҳи вай кадом як амалиёте шикаст хӯрдааст.
-Пас аз он таҳхона шумо чӣ хел баромадед?
-Тайи он муддате ки ман дар таҳхона будам, ду маротиба ба ман имконият доданд, ки бо шавҳарам тариқи телефон гап занам.
-Вай чӣ гуфт?
-Гуфт, ки ҳодисаи мегуфтагии онҳо на бо айби ӯ, балки бо айби дигаре рух додааст, ва албатта, вай кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки манро ҳарчи тезтар аз он варта берун орад.
-Баъди ваъдаҳои додаи шавҳаратон шумо боз чанд вақт дар он таҳхона мондед?
-Боз ду шабонарӯз. Онҳо баъди панҷ-шаш соати ба гарав гирифтанам, бори аввал телефонро ба ман доданд.
-Гумон мекунам, ки ному насаби онҳоеро, ки дар таҳхона ҳамроҳатон буданд, медонед, ё агар бубинед, онҳоро мешиносед?
-Нафареро, ки маро ба зери мушту лагад гирифт, рафиқаш Хачик ном мебурд. Шахси таппончабадастро Хачик Охун мегуфт.
Албатта, ин номи онҳо набуд. Ҳа, дарвоқеъ, болои абрӯи чапи Охун як холи сиёҳи на чандон калон дошт. Рафту агар бубинам, албатта, ҳардуяшонро ҳам бемалол шинохта метавонам.
-Хуш мегуфтед, ки чӣ тавр шумо аз он таҳхона баромадед?
-Он рӯз касе ба Охун занг зад ва ӯ ба долон баромад, сипас Хачикро ҳам ба наздаш хонд. Онҳо чӣ гуфтанду чӣ не, ман намедонам, чунки бо дасту пойи баста болои кат мехобидам.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки онҳо дар давоми ин се шабонарӯз истироҳат накарданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё