Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-То ҷое ки ман фаҳмидам, онҳо дар таҳхонаи дигар маскан доштанд, ва чун дарро аз берун маҳкам мекарданд, аз ман ташвише надоштанд. Ҳар ним соат ё як соат пас дарро кушода, аз ҳоли ман бохабар мешуданд, гоҳ-гоҳ ҳардуяшон даромада бо баъзе саволҳояшон сарамро гаранг мекарданд.
-Бо чӣ хел саволҳо?
-Онҳо аслан донистан мехостанд, ки сарчашмаи даромади хонадони мо аз куҷост, дар тиҷорат шавҳарамро кӣ дастгирӣ мекунад, оё дар тиҷорат ман ба вай ёрӣ медиҳам ё не ва амсоли ин.
-Баъд чӣ шуд?
-Чун дар лаҳзаи занг задан (ин дар рӯзи сеюм буд) ҳарду муҳофизам дар наздам буданд, баробари шунидани занги телефон ва дидани рақами он дар табло, телефон дар дасти Охун буд, ба долон баромаданд. Дурусттараш аввал Охун баромад ва лаҳзае пас ӯ Хачикро низ ба наздаш хонд. Чун баргаштанд, гуфтанд, ки соате пас туро ба ҷои вохӯрӣ мебарем. Баъди гузаштани ним соат онҳо аз хонаи шафт оинаеро оварда ба дастам доданд, то худро каме ҳам бошад, ба тартиб дарорам. Сипас боз чашмонамро бастанд ва дастам гирифта, бандаро аз он манзил берун оварданд. Бо ҳамон тартибе, ки ман аз мошин фаромада будам, ин дафъа ҳам вориди он шудам. Ба ҳар ҳол ин дафъа ҳис намудам, ки дар паҳлуи чапам касе нест. Мошин тахминан ним соат дар ҳаракат буд ва дар интиҳо мо истодем, нафари дар паҳлуи ростам буда ба ман ин дафъа ҳам ёрӣ дод, то аз он берун шавам. “Баъди даҳ дақиқа шавҳарат меояд,” - гуфт ӯ ва ҳамроҳи ман чанд қадаме гузошт.
Сипас ӯ дасти манро сар дод, тахминан як дақиқа ё шояд камтар ман дар ҷоям беҳаракат истодам ва дар интиҳо дастамро бардоштам, то чашмонамро кушоям. Аз ҳама тааҷҷубовараш он буд, ки касе ин дафъа дар ин кор монеам нашуд ва ман каме далертар шуда, оқибат чашмонамро кушодам. Ба ростӣ, дар куҷо буданамро ҳам нафаҳмидам, чунки дар як канори шаҳр аз роҳи калон хеле дур будам. Ба атроф нигаристам на аз муҳофизонам ва на аз мошин нишоне надидам. Хостам ба тарафи роҳи калон, ки тахминан сесад-чорсад метр масофа дошт ҳаракат намоям, вале суханони муҳофизонамро “баъди даҳ дақиқа шавҳарат меояд” ба ёд оварда, аз ҷоям наҷунбидам. Муддате пас аз самти роҳи калон ба тарафи ман мошине омад ва дар паҳлуям истод. Аз дохили мошин ҳамсояамон баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё