Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ҳамаи инро сабаб шояд дуруст кор накардани хадамоти алоқа аз ҷумла почта бошад, чунки дар аксар мавридҳо ҳамдиёрони дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнати будаамон дар дақиқаҳои охири пеш аз парвоз ба фурудгоҳҳо рафта, бо дасти мусофирони ба Ватан баргашта баъзе чунин “туҳфачаҳо” мефиристанд.
-Ҳар чӣ ҳам набошад, маллоҳро напурсида, мо назарияро дар бораи бегуноҳии вай рад карда наметавонем.
-Чунки моро дар ин самт то кунун назарияи дигаре ҳам нест.
- Барои ҳамин ҳам аз пайи маллоҳ шавед!
Сорбони Ҳомид дар асоси супориши муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол бояд ба манзили ҷабрдида Исроил Фотеҳ рафта бо Зулайхо ҳамсуҳбат мешуд. Аз ҳамин лиҳоз ӯ ҷузвдони чарминашро гирифта аз дар баромад ва аз зинаҳо ба самти ошиёнаи якум ҳаракат кард, вале дар майдончаи байни ошиёнаҳои якум ва дуюм бо сардори бахш майори милиса Тоҳир Солеҳ, ки бо қошу қавоқи гирифта, аз поён ба боло ҳаракат дошт, рӯ ба рӯ омад.
-Ба куҷо?
-Ба назди Зулайхои Фотеҳ.
-Мехостам бо шумо сари баъзе масъалаҳо суҳбат намоям.
-Бошад, - гӯён Сорбони Ҳомид аз қафои сардори бахш дубора зинаҳоро убур намуда боло баромад.
-Корҳо чӣ хел?- баробари вориди дафтари кори сардори бахш шудан пурсид нафаре, ки бандаро аз роҳ гардонида буд.
-То ҳанӯз натиҷае нест.
- Ин хеле бад аст, вале чӣ илоҷ, ки дар қаламрави шаҳр ба ҷуз ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин боз мубориза алайҳи интиқолдиҳандагони маводи мухаддир ба нақша гирифта шудааст. Ба фикрам, дирӯз сарвари идораро дар РКД шаҳр сари ҳамин масъала хеле гӯшмол додаанд ва худи ҳозир эшон бандаро ба наздаш хонда, алами Исоро аз Мӯсо гирифтанӣ шуда, ба сари ман ҳам чормағз шикаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё