Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Рафту агар каме ба ман ёрӣ медодед, эҳтимол бандаро аз кор намеронданд, дар акси ҳол...
-Дар акси ҳол чӣ?
-Маро аз кор пеш мекунанд.
-Бо чунин донише, ки шумо доред, ба гумон аст ҳуқуқҳои хешро ҳифз карда тавонед ва чӣ тавр мо корафтодагон ба самари кори шумо умед бандем, модоме ки худатон балоро намедонед. Аз рӯйи шумо баринҳо шуда, чанд сол пеш як варзишгари номӣ ҷони хешро аз даст додааст, вале шумо ҳомиёни қонун ягон касро ба ҷавобгарӣ накашидед. Пас аз будану набудани шумо барин вакилони қонун касе зарар намебинад. Хас каму ҷаҳон пок.
-Бовар намекунам?
-Ба чӣ?
-Ба он ки касе ҷони хешро аз даст дода бошад.
Манзуратон бод, банда ҳам чандин сол боз дар милиса ифои вазифа дорам ва медонам ҳама ҳолатҳои қасд ба ҷони шаҳрвандон дар зери назорати доимии прокурор аст ва милиса наметавонад чунин як ҳодисаро сарфи назар намояд.
Дар он сурат прокурор, бешак барои рӯйпӯш кардани ҷиноят аз болои корманди милисае, ки ба чунин амал даст задааст, парвандаи ҷинои оғоз мекард. Шояд ин ҳама гуфтаҳоятон як шӯхӣ буд ва ё он ҳамчун овоза ба гӯшатон расида. Ба овозаҳо бошад, бовар кардан чандон хуб нест.
-Агар шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад ва хоҳиш мекунам аз милиса мусичаи уволак36 ва аз прокурор фаришта натарошед. Кал-додари кӯр.
- Чӣ ҳамон нафари гуфтаатонро паронданд, ё бо корд заданд?
-На ину на он.
-Пас чӣ тавр он варзишгари номии гуфтаатон ҷони хеш аз даст додааст, ё ба ӯ заҳр доданд?
-Не, ҳангоми аз баландии 1800 метр бо парашют ҷаҳидан, парашют кушода нашудааст.
36 Уволак –бегуноҳ (лаҳҷа) -Хайр парашют кушода нашудааст, пас тақдираш ҳамин будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё