Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ба хотири каме маълумот ба даст овардан бо нафаре, ки худаш наздам ҳозир шуда буд, суҳбатро давом дода пурсидам: -Дар инҷо навишта нашудааст, ки соҳибони ин аксҳо ҳама ҷоизадоранд.
    -Вале дар боло бо ҳарфҳои хоно навишта шудааст:
    “Ситораҳои варзиш”.
    -Яъне, танҳо акси нафари ба ҷоиза сазовор шуда метавонад дар ин тахтаи фахрӣ ҷой гирад?
    -Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест.
    -Охир чунин ситораҳо дар ҳар корхонаю муассиса ҳастанд.
    -Корхонаю муассисаҳо метавонанд дигар намуди дастаҳои варзиши хешро дошта бошанд, ба ҷуз варзиши парашютӣ ва пойгоҳи ҳамаи онҳое, ки ба ин навъи варзиш дилбастагӣ доранд, ҳамин ҷост.
    -Акнун фаҳмидам.
    -Хайрият.
    -Дар корҳои ҷустуҷӯӣ ба хотири дарёфти ҳақиқат гоҳо аз худ гулӯ гумроҳ тарошидан низ аз манфиат холӣ нест ва ба хотири давом додани муколама бо ҳамсуҳбати аввалинам гуфтам:
    -Аслан ман донистан мехостам, ки чӣ тавр ба клуби ҳавонавардони ҷавон шомил мешаванд?
    -Ман ҳайронам, ки чӣ тавр шуморо бо чунин дониш ба милиса гирифтаанд?
    -Чиро дар назар доред?
    -Ҳамон саволи беҷо додаатонро, охир ҳамааш шуда ман дарбонам на мудири шуъбаи кадрҳо.
    -Ман бошам гумон намудам, ки шумо ҳамаро медонед.
    -Донам ҳам, дар ин бора ба шумо чизе нахоҳам гуфт.
    -Яъне, ба тафтишот ёрӣ додан намехоҳед?
    -Ҳайронам,ки бо чунин савод кӣ шуморо ба милиса гирифтааст?
    -Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?
    -Шояд ягон тағоятон будагист.
    -Ана ҳамон тағоям дар бораи ҳамин акс, дурусттараш дар бораи Мижгони Ҳамроҳ, баъзе маълумотро гирифтан мехоҳад.
пешина
аз 527
навбатӣ