Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ тавр метавонист дар осмон дигар кас монеаи кушодани парашюти вай шавад.
-Ана барои гиреҳи чунин муаммоҳоро кушодан саводи кофӣ лозим, мутаассифона, онро дар ҳамсуҳбати кунунии хеш надида истодаам. Беҳтар мешуд, шумо маро ба ҳолам гузошта, барои посух гирифтан ба саволҳоятон ба назди роҳбарият мерафтед, - гӯён мусоҳибам ба самти даромадгоҳи бино ҳаракат кард. Мисли оне ки қувваи барқ таконат медиҳад, суханони охирини мусоҳибам каломи нафари шиносеро ба хотирам овард ва бо дермонӣ ҳам бошад, эшонро шинохтам. Ин ҳамон нафаре буд ки чанде пеш як мақомоти калони давлатиро дар хунукназарӣ муттаҳам кардан хост ва бо амри тасодуф имрӯз дар остонаи ин клуб мо дигарбора рӯ ба рӯ омадем. Ӯ бандаро шинохт ё не, то ҳанӯз бароям норӯшан буд, вале ман ӯро шинохтам. Ҳарчанд тафтишот дар нисбати эшон ғубореро эҳсос накарда буд, вале ман тасмим гирифтам то дар бораи ҳамсуҳбати сарироҳиям то андозае маълумот ба даст оварам ва бо ҳамин андешаҳо аз зинаҳо ба тарафи ошёнаи дуюм ҳаракат намудам.
Соате пас ман аз биное, ки гунбази абрешиминро чун ливои хеш пазируфта буданд, берун омадам. Ҳарчанд ман ба саволҳои хеш ҷавоби мушаххас гирифта натавонистам, вале тавонистам шубҳаро дар атрофи суханони дарбон бартараф намоям. Аз нигоҳи ҳамкорон дарёфтам, ки ҳарчанд дарбон марди эҳсосӣ ва тундмиҷоз аст, аммо суханаш чун алиф ҳамеша росту нишонрас ва шояд ҳамин забони ростгӯяш ӯро аз авиатсияи калон то ба пушти дари ин бино оварда. То ҷое, ки огоҳӣ ёфтам, замоне дарбони ин клуби бонуфуз ба ҳайси пилоти дуюм дар авиатсияи гражданӣ фаъолият намуда, чун дар садамаи нақлиётие ҷароҳат бардошта, баъди шифоёбӣ боз нияти ба сафи ҳавонавардон баргаштанро намудааст, роҳбарияти Аэрофлот аз чунин фурсати муносиб истифода бурда, дари хешро ба рӯйи эшон, ки бо суханони намакинаш чун устухон дар гулӯяшон монда будааст, бо баҳонаи корношоями дар авиатсия аз кор ронданд. Шояд дар ҳодисаи мазкур айб на дар ош, балки дар мош будааст, вагарна аз нигоҳи банда агар ҳоло ҳам дарбон ба девор мушт мезад, бе муҳобот он девор фурӯ мерафт.

пешина
аз 527
навбатӣ