Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳарчанд дар атрофи ду ҳодисаи ба сари ду сокини як бино рухдода аз ду самт гом мезадем, то кунун наздикшавӣ новобаста аз ростхата будани самти ҳаракатамон дар уфуқ дида намешуд. Чунин шакли кор дар тафтишот боиси таассуф шуда наметавонист, агар дар асл ин ду ҳодисаро пайвастагие намебуд.
Дар чунин ҳолатҳо ҳангоми ҳаракат аз ду самт убури хатти буриш дар як нуқта ногузир мешавад, рафту агар ҳодисаҳо дар алоқамандӣ қарор дошта бошанд.
Ҳангоми муқоисаи таблограммаи дархостнамудаи муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф мо нишонаеро аз пайвастагии ду ҳамсояи ҷон ба ҷонофарин таслим намуда наёфтем, вале ҳамон коғазҳои безабон муаррифгари он буданд, ки Ашӯр Ғулом бо дигар ҳамсояҳо, аз ҷумла бо Комрони Нодир ва ҳатто бо Сабоҳати Комил, ки дар рӯзи ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада тариқи ҷорӯби аз Аҷузкампир меросмонда бо ба забон овардани каломи сеҳрноке чун “чӯбаки сандалвори вор..” худро ба ошёнаи ҳафтум расондааст, дар робитаи зич қарор дошт.
-Хуш, ба инаш чӣ мегӯед?
-“То что пишется пером, не рубится топором,” - ба пурсиши муфаттиш посух дод ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф.
-Рафиқ майор, нуқтаи назари шуморо дар ин бора донистан мехостам, - гуфт сарвари гурӯҳи тафтишотӣ.
-Бе таҳлили мушаххас дар ин бора каломе ба забон овардан душвор, чун моро ҳоло ҳам ягон дастоварде дар ин самт нест, чӣ ҳам метавон гуфт.
- Азбаски ман ҳамин самти корро ба душ гирифта будам, онро бо далелҳо пешорӯятон намудам ва акнун мехостам шумо ҳам дар бораи талошҳои хеш дар самти корҳои ба нақшагирифташуда чанд сухане мегуфтед, - хоҳиш намуд сарвари гурӯҳи корӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё