Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Банда аз натиҷаи сафари хеш ба клуби ҳавонавардони ҷавон ҳамкоронро огоҳ намуда, андешаҳои “мунаққид” - ро низ, ки акнун ҳамчун дарбон ифои вазифа дошт, баҳрашон арзонӣ доштам.
-Ва шумо мутмаинед, ки дарбон ҳамон нафарест, ки чанде пеш як сохтори калони давлатиро дар хунукназарӣ муттаҳам кардан хост? - пурсид сарвари гурӯҳи тафтишотӣ.
-Ҳамин хел.
-Пас чаро бо вай ба таври расмӣ суҳбат накардед?
-Гадо ҳам дар мулки хеш шоҳ аст ва беҳтар мешуд шумо вайро ба коргоҳи худ даъват мекардед, то дарк намояд, онҳое ки дар ҳифзи қонунанд, нони хешро ҳалол карда мехӯранд.
Гумон мекунам эшонро замоне кораш ба мақомоти тафтишотӣ афтода, беадолатиро дар кори ҳампешагони мо дарк намудааст.
-Аслан дар дунё кам нестанд инсонҳое, ки ҳатто дар рӯйи моҳ ҳам ҷурм меҷӯянд. Шояд дарбони клуби ҳавонавардони ҷавон ҳам аз ҳамин қабил инсонҳост?
-Дар зиндагӣ кам нафароне ҳастанд, ки гуноҳи милисаро дар рӯ ба рӯяш гӯяд, вале ӯ ҳақиқатро гуфт, дурусттараш чашми моро бар он кушодан хост, ки бе ҷазо мондани нафаре, ки пой болои қонун гузоштааст беқонуниятиро ба бор меорад. Чӣ магар мо инро намедонем? Медонем, вале дар аксари мавридҳо аз рӯйи принсипи гуманизм онро нодида мегирем ва ё дида бошем ҳам, аз он чашм пӯшида мегузарем, бехабар аз он ки “тараҳҳум бар паланги тездандон ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон”37. Пас агар чунин аст, ӯ марди аноӣ нест ва ҳаминаш кофист, ки мо сари гуфтаҳояш андеша намоем. Чун эшон бандаро низ дар бесаводӣ гунаҳкор кард ва то андозае ҳақ ба ҷониби ӯст, чунки ман худам ҳангоми суханронӣ ба хато роҳ додам. Хоҳиш мекунам, шумо Зоҳири Зокирро (ному насаби дарбон) ба прокуратура даъват намуда, ҳамроҳаш суҳбат намоед. Гумон мекунам, агар вай дар симои шумо ҳомии асосии қонунро дарёбад, ҳама асрори дар ниҳодаш нуҳуфтаро бароятон мекушояд.

37 Ишора ба сухани А.Фирдавсӣ.

пешина
аз 527
навбатӣ