Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Чӣ илоҷ, модоме ки шумо чунин мепиндоред, гуфт муфаттиш ва аз дастовардҳои Ҷомии Шариф пурсон шуд.
- Новобаста аз ҳама ҷаҳду талошҳо нафаре, ки рӯзи 8 декабр соати 12.58 дақиқа аз бинои рақами 59/6 кӯчаи Бухоро берун омадааст, аз нигоҳи объективи ду камераи назоратии биноҳои муқобил гузошташуда дур намондааст, - нигоҳи моро ба рафти суҳбат бештар намуданӣ шуда хабар дод Ҷомии Шариф.
Шояд бо чунин як хабаре, ки таркишаш аз хуруҷи вулқон камӣ надошт, моро ба баҳси беохир кашиданӣ буд, вале мо ки мӯйи сари хеш дар корҳои ҷустуҷӯиву тафтишотӣ сафед намуда будем, сабуриро пеша намудем, то бифаҳмем эшон дар ин самт то ба куҷоҳо гом задааст, аммо ваколатдори кофтукови ҷиноӣ ҳам дар корҳои ҷустуҷӯӣ марди аноӣ набуд.
Ӯ, ки як маротиба аллакай аз нӯшидани шир сӯхта буд, (кову шӯри ахлотқуттӣ дар назар аст - Ш.А.) акнун дуғро ҳам пуф - пуф карда нӯшидан мехост, вале аз сабурии мо каме ҳам бошад, дасту по хӯрд ва баъди андешаи тӯлонӣ ниҳоят риштаи суханро ба даст гирифта гуфт:
-Ҳамааш дар ҳамин ҷо. Тамошо кунед ва хулоса бароред, - гӯён аз ҷузвдони кориаш дискеро бароварда назди муфаттиш гузошт.
Мегӯянд, ки дузду ғар ҳамеша номарданд ва маҳз ҳамин ҳолат муаррифгари онҳо дар зиндагӣ хоҳад гашт ва агар чунин набудӣ, ҳаргиз Ҷомии Шариф дар байни даҳҳо нафар шахсони аз бино дар давоми даҳ - понздаҳ дақиқа берун омада фақат ба як нафар таваҷҷуҳ зоҳир намекард. Ё шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки Сабоҳати Комил моро бовар кунонид, ки соати 12.55 дақиқа ҷой кори асосиашро тарк намуда, ба ошёнаи ҳафтуми бино баромад, то хонаҳои ашрофзодазанро рӯбӯчин намояд ва баъди се дақиқа нафаре, ки акнун боиси таваҷҷуҳи тафтишот гашта буд, аз он бино берун омад.
Рафту агар дар асл эшон дар ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада даст намедошт, чун дузд аз бино фирор намекард ва ба хотири аз чашми баде худро эмин доштан кулоҳашро болои абрувонаш намефаровард, гирди гарданаш шарф тоб намедод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё