Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд шарфро ба мақсади ҳифзи дандонҳояш як маротиба ба пеши даҳонаш тоб дода буд, вале ҳамин амал дар ниҳоди бинанда шубҳаро бедор мекард ва бояд иқрор шуд, ки маҳз ҳамин ҳолат боиси таваҷҷуҳи банда гардид. Новобаста ба ҳама он эҳтиёткорӣ, нигоҳи аҳли назар чун тир ба ин марди тарсу бархӯрд ва ҳарчанд эшон нигоҳашро дар тамоми давраи ҳаракат то аз нигоҳи объектив дур шудан боре ҳам набардошт, вале аз мадди наззари мардум дур намонд. Рафту агар он марди чарминапӯш, чун ҳама нафарони дар он лаҳзаҳо дар кӯча ҳаракаткунанда фасли дайро асос намудаву худро аз андаке сармо эҳтиёт намекард, ба гумон буд, ки таваҷҷуҳи касеро ба худ кашад. Эҳтимолияти дар чунин ҳолат ба мадди назари Ашӯр Ғулом афтиданашро ҳам наметавонем инкор кард. Дар сурати бо рӯи кушода аз бино баромадан тафтишот, шахсияти вайро аз рӯй аксҳои ба к биноҳои муқобил афтида муайян намуда, ӯро ба милиса меовард ва собит намудани бегуноҳиашро талаб мекард.
Акнун лозим меомад, ки мо боз акси эшонро аз рӯйи акси видеоиаш (танҳо аз рӯйи қаду қоматаш) тарҳрезӣ намуда, онро боз ба даҳҳо нафар сокинони бинои мазкур ва биноҳои гирду атроф нишон дода, аз онҳо барои муайян намудани шахсияташ ёрӣ пурсем.
-Оё дар самти ҳаракати эшон дигар камераҳоро мавриди назар қарор надодед? - пурсид муфаттиш.
-Нафаре, ки акнун мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифтааст, агар худ сокини ҳамон маҳал ҳам набошад, вале харитаи маҳалро хеле хуб медонистааст. Чӣ хеле шумо худ дар наворҳо дидед, ӯ баробари аз бино баромадан аз гардиши аввалин яку якбора ба самти чап ҳаракат накард, балки боз ду бинои баландошёнаро дар ҳамон самти ҳаракаташ убур намуда, танҳо дар гузаргоҳи сеюм ба тарафи чап тоб хӯрда, аз байни биноҳо гузашта, ба самти муқобил ҳаракат намуд. Рафту агар вай дар охири бино ба тарафи гузаргоҳи аввалин тоб мехӯрд, аксаш ба камераи назоратии пеши дорухонаи “Даво” меафтид. Дар самти муқобили гузаргоҳи дуюм бошад, ателеи дӯзандагӣ воқеъ аст ва баъзан аз бекори дӯзандаҳо паси оинаи тиреза нишаста, ҳаракати мардуми кӯчаро назорат мекунанд, вале дар охири гузаргоҳи сеюм ба ҷуз девори баланди бетонӣ, ки дар замони шӯравӣ баҳри аз нигоҳи атрофиён ҳифз намудани кадом як корхонаи хурди саноатӣ ба нақша гирифта шуда, ки то кунун таҳкурсиаш чун муҷассамаи ҳайбат боқист, қомат афрохта, дигар нишоне аз ободӣ нест, ва он марди чарминапӯш мисли чуғз ба ҳамон тарафи вайрона ҳаракат намудааст.

пешина
аз 527
навбатӣ