Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боқӣ қазоват шуморост, - ба гузоришаш нуқта гузошта гуфт лейтенанти калони милиса.
-Рафиқ майор, шумо дар ин бора чӣ андеша доред? - пурсид Фурӯғи Шариф.
-Гуфта наметавонам, ки андешаҳои банда дар ин самт мусбианд, вале ба гумон аст марди чарминапӯш чун чуғз ба самти он вайрона ҳаракат карда бошад. Ба андешаи банда аҷаб нест, ки ӯ баробари ба гузаргоҳи сеюм тоб хӯрдан аз хизмати ягон намуди нақлиёт истифода набурда бошад.
“-Тогда ищи ветра в поле,” - так?
-На ба он тарзе ки шумо гумон доред.
-Чӣ хел?
-Гумон мекунам вай ба мошине нишастааст, ки дар ҳамон маҳал ӯро интизорӣ дошт. Шояд ӯ худ сари чанбарак нишаставу аз он маҳал берун рафтаст. Аз ҳамин лиҳоз, аз рӯи вақт самти ҳаракати нақлиётро дар кӯчаҳои атроф аз рӯи камераҳои назоратӣ мавриди назар бояд қарор диҳем.
-Яъне, гуфтаниед, ки корҳо баданд?
-Хуже некуда.
-Нисбат ба алоқамандии ду ҳодиса чӣ андеша доред?
-Ҳарчанд аз рӯйи таблограмма мо ягон алоқамандиеро дар муносибатҳои Мижгони Файз ва Ашӯр Ғулом наёфтем, вале ҳодисаҳои ба сари ҳардуи онҳо омада моро водор мекунанд, ки ба рафти ҳодисаҳо аз паси панҷа нигоҳ накунем.
-Суханони шуморо, рафиқ майор, чӣ хел фаҳмем?
-Барои фаҳмидани он Афлотун будан шарт нест, беҳтар мешуд, агар шумо гӯш ба қалби хеш медодед. Албатта, садои қалби хешро пазируфтан осон нест, чунки дар ин муколама Хайру Шарр ҳамеша даст ба гиребонад. Зиндагӣ чун нимкосаҳои зери коса паҳлуҳои нонавиштаи хеле зиёд дорад ва ба рафти ҳарду ҳодиса аз ҳамин кунҷ бояд назар кард.

пешина
аз 527
навбатӣ