Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Аз ин бармеояд, ки шумо аллакай пайвастагиеро дар ин ду ҷиноят дарёфтаед? - паст наомада пурсид сарвари гурӯҳи тафтишотӣ.
-Магар ман чунин гуфтам.
-Ошкоро нагуфтед, вале гумон мекунам ба андешаи шумо Ашӯр Ғулом ва Мижгони Файз дар муносибати ниҳоят наздик қарор доштанд ва ба қавле роздони рози ҳамдигар буданд, вале ман ҳайронам, ки агар кор чунин сурат гирифта буд, пас чаро ягон гуфтугуи телефонии онҳо ба қайд гирифта нашудааст?
-Ана ҳамин аст нимкосаи зери коса.
-Ва ба он кӣ посух гуфта метавонад?
-Нафаре, ки ҳадафи навбатии қотил қарор гирифтааст,- ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Ҷомии Шариф
-Чӣ?
-Он чӣ шунидед?
-Пас ӯ кист? Ному насабаш.
-Сабоҳати Комил.
-Бе далел чӣ тавр тавонистед чунин як андешаро ба сар роҳ диҳед? - шогирдро огоҳ намуда гуфтам ман.
-Далелашро ҳам дидем.
-Кай?
-Баъди тамошои наворҳои овардаи банда ва бояд эътироф намоям, ки то ҳамин лаҳзаи тамошо бандаро чунин як фикре ба сар наомада буд. Баъди он далели дар ахлотқуттӣ пайдонамуда хостам муҳри хомӯшӣ ба лаб гирам, вале натавонистам ва ҳар чӣ бодо бод андешаҳоямро баён месозам. Хоҳед бипазиред, нахоҳед не.
-Аслан дар он навор банда ягон пайвастагиеро бо нафари дар дидбонгоҳ буда надидам, - гуфт муфаттиш, ки шояд мехост Ҷомии Шариф андешаҳои ботилро аз сар дур намояд.
-Ман ҳам сухани муфаттишро тақвият дода, шогирдро огоҳ намудам, ки то кунун тафтишот Сабоҳати Комилро ҳамчун шоҳид эътироф намудааст. Ин ҷо бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё