Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Ҳар кӣ ҳосили киштаи хеш мегирад. Ҷав кишта, гандум шудан аз камоли беақлист ва ҳар чӣ ба сари хизматгордухтар биёяд, ин аз ҳосили киштаи худи ӯст.
-Чӣ тавр ба чунин хулоса омадед?
-Бе рухсати нафари дар дидбонгоҳ буда ҳатто паша ҳам вориди он бино шуда наметавонист.
-Он рӯз мо бе иҷозати вай то ба ошёнаи ҳафтум баромадем - ку.
-Ва ҳар нафареро, ки мо пурсидем, ёдрас шуд, ки он рӯз ҳангоми кушодани дар се нафар бо чунин намуди либосҳо вориди бино шуданд ва ҳатто гуфтанд, ки онҳо дар дасташон чӣ доштанд. Онҳо ишора ба шумо намуданд. Мефаҳмед? Вале ягон нафар ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовард, ки нафари чарминапӯше вориди бино шуда бошад. Пас агар чунин аст, биёед як фикр намоем, ки чӣ тавр марди бегона баъди се дақиқаи ҷои корашро тарк намудани Сабоҳати Комил аз бино баромадааст?
-Чӣ тавр, чӣ тавр? Вақте ки хизматгордухтар ҷои корашро партофта, тариқи лифт ба ошёнаи ҳафтум баромадааст, ӯ аз фурсати муносиб истифода бурда, думро аз он маҳал хода кардааст.
-Рафиқ майор, оё андеша накардед, ки чӣ тавр ӯ тарки ҷои кор намудани хизматгордухтарро интизор шудааст?
Рафту Сабоҳати Комил умуман ҷой корашро тарк накарда бошад - чӣ?
-Дар он сурат, ӯро баро аз ҷавобгарӣ роҳи гурез нест, лекин боз ҳолате ҳ онро на бояд сарфи назар намоем.
-Он чӣ ҳолатест?
-Оё нашунидаед, ки ба ҷуз соҳиби гов, дузд ҳам Худо мегӯяд.
-Гуфтаниед, ки қотил таваккал намудааст?
-Албатта, чунинашро ҳам инкор намудан ғайриимкон аст.
-Вале на дар чунин ҳолат.
-Шуморо чӣ хел фаҳмем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё