Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Агар эшон ба мақсади дуздӣ вориди он бино мешуд, метавонистем ҳаракатҳояшро то андозае ба таваккал нисбат диҳем, вале дар ҳолати куштор...
-Дар ҳама чунин ҳолатҳо аз бину мӯза каш” амал кардан лозим меояд ва қотил ҳам ҳолати мусоидтареро интизор шавад. Шояд баъди амали содирнамудааш роҳи ягонаи наҷоти хешро боз дар таваккал дида бошад.
-Рафту агар ӯ сокини ҳамон бино бошад - чӣ?
-Сокини бино ҳаргиз ҷои истиқоматашро чун дузд тарк намекард.
-Пас чӣ тавр ӯ вориди бино шуд?
-Чун ҳама сокинони комилҳуқуқи бинои мазкур тариқи дар, аз пеши нафари дар дидбонгоҳбуда гузаш рафтааст.

  • Шояд Сабоҳати Комил аз ?
    -Дар ин бора мо далеле надорем.
    -Пас чаро оварда ӯро напурсем?
    -Чун вақту соаташ ояд, ӯро ҳам мепурсем.
    -Ҳоло чӣ?
    -Бе далел?
  • Вайро аз асли воқеа огоҳ хоҳем кард, чун бифаҳмад, ки ҳадафи навбатӣ худи ӯст, чун булбул ба сухан хоҳад даромад.
    -Вайро духтари сода напиндоред ва агар сода ҳам бошад, бо ҳама он содагиаш моро ташна ба лаби чашма бурда, ташна бармегардонад ва ба андешаи ман дар ин бозии қисмат ӯ ҳадафҳои хешро дорад.
    -Боз чӣ хел ҳадаф? - пурсид муфаттиш, ки аз андешарониҳои шогирди банда аз ман дида бештар дар ҳайрат афтода буд.
    -Инашро ман намедонам, вале он ҳама саргузашти ба тафтишот пешниҳоднамудаи вай қимати як пули пучакро надорад.
    -Гумон доред, ки дар ин бозӣ ӯ мақсаду дорад?
    -Намедонам.
пешина
аз 527
навбатӣ