Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Вай, ки дар ин бозӣ мақсаду мароми хешро надошта бошад, пас чаро андеша доред, ки ҳаёташ дар хатар аст?
-Чунки дар тарозуи вақт ҳаёту мамоти нафаре гузошта шудааст, ки дар ду куштор даст дорад ва агар аз ин бозии пасипардагӣ Сабоҳати Комил заррае огоҳ боша манфиати эшон нест ва мефаҳмад, ки чун рӯзе тафтишот ба ӯ бирасад, номи ӯро ба забон хоҳад овард...
-Ин танҳо андешаи худи мост ва биё беҳтараш оҳуи ҳанӯз дар кӯҳ бударо пуст наканем.
-Ҳар он чӣ буд, ман гуфтам, дигар ихтиёр шуморост,-гуфт Ҷомии Шариф ва аз сабуи шишагини дар паҳлуи мизи муфаттиш буда ба пиёлае об рехт...
-Шояд як чой монам? - пурсид муфаттиш.
-Ташвиш накашед, - гӯён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ обро нӯшид ва пиёлаи холиро ба ҷояш гузошта, ба мулоимкурсӣ такя намуда, ба андеша рафт.
Баъди чунин муҳокимароние, ки рафти тафтишотро метавонист ба куллӣ тағйир диҳад, мо муддате хомӯш нишаста, ба андешаҳои хеш дода шудем ва баъди даҳ-понздаҳ дақиқа бо Фурӯғи Шариф худоҳофизӣ намудем...
Аз бинои прокуратура баромада, мо ҳамоно сардии ҳаворо, ки то ба мағзу устухон кора мекард, дарк намудем, вале чун он марде, ки соате пеш аксаш боиси таваҷҷуҳамон гашта буд, худро парпечон накардем. Ҳатто ба тарафи истгоҳ ҳам майли қадам гузоштан нанамудем ва бе калому бе салом якҷоя ба самти коргоҳ хомӯшона роҳ пеш гирифтем. Ҳарчанд ману шогирд акнун дар кӯча паҳлуи ҳам қадам мезадем, саргарми андешаҳои хеш будем. Тамоми роҳ лашкари андешаҳо бандаро дунболагирӣ намуданд ва гумон мекунам вазъи шогирд ҳам аз вазъи банда беҳтар набуд. Чун вориди бинои милиса шудем ва аз забони навбатдор каломеро дар бораи хеш нашунидем, ба ошёнаи дуюми бино баромадем.
Бисёр мехостам муддате дар танҳоӣ сари ҳама он баҳси тӯлонии дар прокуратура ба вуқуъпайваста андеша намоям, вале шогирд чунин имконро ҳам аз ман гирифт ва бе даъват аз қафоям вориди дафтари кориам шуд. Даст ба тугмачаи пушти дар бурда, чароғро фурӯзон намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё