Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ақрабаки соати деворӣ ба 17 наздик мешуд, вале чун рӯзҳои зимистон ниҳоят кӯтоҳанд ва акнун мо дар марҳилаи кулминатсионии он қарор доштем, гузашта сари мизи корӣ нишаста, нигоҳамро ба тарафи “меҳмон” - и нохонда, ки баъди андешарониаш сотсиалистони хаёлиро38 ба ёдам оварда буд, дӯхтам. Шояд дар нигоҳи банда шогирд асрореро дарёфт, ки ҳамон хел бе даъват ба курсӣ нишаста гуфт:
-Гумон мекунам, андешарониҳои банда бароятон чандон писанд наомад?
-Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад. Мебинам ки шумо, рафиқ лейтенанти калон, аз ин каломи мардумӣ чандон огоҳӣ надоред.
-Он каломи гуфтаатонро, рафиқ майор, дар куҷо пеши по задам?
-Мегӯянд, ҳафт бор андоза бигир, пас бибур. Шумо бошед, баръакс рафтор намудед, ҳарчанд даъфаи гузашта низ аз рӯйи чунин суханон худро қариб ба бало гирифтор намудед, вале чӣ хеле мушоҳида намудам аз ҳама он хатоҳо хулосае набаровардаед.
-Ман он чиро гуфтам, ки тасаввур мекунам, на он чиро ки дигарон мехоҳанд.
-Чун Пикассо?39
-Шумо чӣ тавр метавонед нафареро, ки барои ба таксӣ нишастану то хонааш расидан маблағи дар ҷайбаш буда кофӣ нест, бо рассоме, ки як мусавварааш ба маблағи 107000000 (як саду ҳафт миллион доллар) ба фурӯш рафтааст қиёс намоед.
-Барои то ба хона расиданатон шарт нест ба таксӣ нишастан ва шумо метавонед тариқи нақлиёти шаҳрӣ бемалол аз ҳисоби давлат ройгон то ба манзилатон бирасед.
-Дар ҳоле ки ман қарор дорам, роҳи дигареро ҳам намебинам.

38 Сименон, Фуре, Оуэн сотсиалистони хаёлии асри XIX.
39 Пикассо, расоми машҳури итолёви ки гуфтааст; - “Ман он чиро меофарам, ки тасаввур мекунам, на он чиро ки мебинам.” -Хайр, чаро истодаеду намеравед, модоме роҳи рафтанро ман ба шумо нишон додам?

пешина
аз 527
навбатӣ