Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Албатта, ман гуфтаҳои шумо, рафиқ майорро, сармашқи кори хеш хоҳам кард , вале...
-Вале чӣ?
-Ман медонистам, ки барои чунин андешарониҳо оқибат шумо ба сарам чормағз хоҳед шикаст ва дар асл ҳам чунин шуд.
-Чӣ мехостӣ, ки барои чунин суханҳои подарҳавоят дар назди муфаттиш хеста саратро сила намоям?
-Хеле хуб, ки шумо дар прокуратура сабуриро пеша намудед ва подоши ҳама он сабру тоқататонро банда ҷуброн хоҳам кард.
-Чӣ хел ҷуброн?
-Агар ҷубронро нафаҳмед, пардохт мекунам.
-Муаммогӯиро як тараф монед.
-Манзуратон бод, ки ҳар замоне, ки Сабоҳатти Комил барои рӯбучини хонаи Мижгони Аваз мерафтааст, Хуршедахола ном пиразанеро аз ошёнаи якум ҳуҷраи 3 оварда, ба ҷои хеш мегузоштааст. Ба ин амал пиразан танҳо дар давоми намози пешин розӣ намешудааст, боқимонда ҳар он вақте ки Сабоҳат аз Хуршеда - хола ёрӣ мепурсидааст, кампир сарпечӣ намекардааст.
-Дар ин ҷода Сабоҳати Комилро гунаҳкор карда намешавад, чунки ӯ айнан пеш аз оғози намози пешин ба боло баромадааст, аз ҳамин лиҳоз шояд Хуршеда-холаро ташвиш додан нахостааст ва дар ин ҷо гуноҳи худи мост, ки нисбат ба чунин шакл гирифтани кор таваҷҷуҳ зоҳир накардем, ҳарчанд дар нишондоди аксари сокинон омада, ки дар баъзе мавридҳо дари бино тамоман дар зери назорат нест.
-Сабоҳати Комил дар ҳақиқат духтари дидадарост, вале ӯ боз қобиляти шайтонро ташна ба лаби чашма бурдану ташна баргардонданро низ дорад. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву мардум ба қавли хеш ӯро аз ин варта берун овардан хостанд. Шояд онҳо гумон доштанд, ки агар бигӯем, долони бино дар ҳолати дар дохили дидбонгоҳ набудани Сабоҳати Комил як саройи бесоҳибро мемонад, нафари дар дидбонгоҳ бударо аз ҷавобгарии интизомӣ он тараф истад, ҳатто аз ҷазои ҷиноӣ ҳам берун хоҳем овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё