Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Пас агар он сарой бесоҳиб набошад, чаро ягон кас воридшавии шахси бегонаро надидааст?
-Дар камераи рӯ ба рӯи даромадгоҳ акси нафаре ҳаст бо либосҳои кабуд, ки дар тахтапӯшташ “Хизматрасонии барқ” навишта шудааст. Вай соати 12.43 дақиқа бо сумкаи сафарии ранги сиёҳ вориди бино шудааст, вале акси баромади ӯро аз бино ман наёфтам. Чун он замон Сабоҳати Комил дар ҷои кораш буд, барқчӣ ҳеҷ имкон надошт, ки аз назди вай ноаён гузарад ва боз...
-Боз чӣ?
-Чаро дар ягон нишондодаш Сабоҳати Комил нисбат ба вориди бино шудани корманди барқ ишорае накардааст?
-Боз як муаммо?
-Муаммое, ки чун нимкоса дар зери коса аст.
-Пас чаро дар ҳамин бора дар ҳузури муфаттиш сухан нагуфтед?
-Донистан мехостам, ки шумо то кадом андоза ба каломи пешовардаи банда бовар мекунед.
-Хуш, акнун ба кадом хулоса омадед?
-Муфаттиши прокуратураро намедонам, вале шумо ба суханони ман бовар накардед, ки ин хеле аламовар аст.
-Як маслиҳати бародарона.
-Гӯш мекунам.
-Ҳеҷ гоҳ пеш аз пода чанг набардоред.
-Охир ман андешаҳои хешро дар танҳоӣ танҳо ба шумо ва сарвари гурӯҳ гуфтам.
-Инаш рост, вале аз хотир набарор, ки сарвари гурӯҳро низ сарваре ҳаст ва ҳамарӯза аз натиҷаи кори гурӯҳ пурсон мешавад. Тафтишот як занҷираест ва агар ному насаби ҳамаи он сарваронро, ки худро дар назди сарвари болоӣ нишон доданӣ мешаванд, дунболагирӣ намоем, то ба сурайё мебароем. Рафту амалиёт мусбӣ анҷом ёбад, ҳама он сарварон ҳиссагузор будани хешро аз рӯйи ҳамон хабари аз зердаст гирифтаашон, ки бо сад обу ранги тоза ба гӯши патронашон40 мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё