Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар акси ҳол, ҳама хомӯширо ихтиёр намуда, ҷӯёи манбаи асосии хабар хоҳанд шуд ва чормағзро ба сараш хоҳанд шикаст, ки чаро чунон шуду чунин. Онҳо худат он айбдор хоҳанд кард, ки аз рӯйи хабари бе асоси худат мо сарварони болоиро низ ба иштибоҳ андохтем ва ҳоказою ҳоказо...
-Оё гуфтан мехоҳед,ки б намудам?
-Бале ва бигуед, ки этика чист?

  • Ин имтиҳон аст?
    -Ҳарчи пиндоред, охир шумо худ аввалин шуда ин калимаро ба забон овардед.
    -Этика – ин илмест, ки ахлоқро меомӯзад ва он тақозо мекунад, ки кадом амали мо дуруст ҳасту кадомаш нодуруст.
    -То андозае, ҳамин хел, вале...
    -Боз чӣ?
    -Этика ҳушдор месозад, ки бояд: - маънавиёт аз моликят, умум аз хусусӣ, адола аз соҳибмулкӣ боло бошад.
    -Дуруст, вале этикаи хизматӣ ҳамеша ҳушдор месозад, ки:
    -Шеф всегда прав.
    -А если он не прав?
    -То вступает в силу параграф первый.
    -Шӯхӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб.
    Ин даъфа шогирди банда тамоми дарду алами дилашро бо як шеъри шоири инқилобии Эрон чун ҳалқа ба гӯши банда овехта, рухсати рафтан пурсид.41 Баъди рафтани ӯ ман боз муддате сари мизи корӣ бе ҳаракат истодам. Аслан бисёр мехостам аз рӯйи ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳамроҳи шогирд нақшаю чорабиниҳои иловагии ҷустуҷӯиро тарҳрезӣ намоем, вале худи натиҷаи суҳбат дар замири ҳар кадоми мо дар алоҳидагӣ як нобовариеро нисбат ба дастовардҳои ҳамдигар ба миён овард. Дар чунин ҳолат,

40 Патрон – хӯҷаин.
41 Ишора ба шеъри А. Лоҳутӣ: -Туро рӯзе ба куштан мебаранд ночор Лоҳутӣ, Забони ростгу ё қалби оташбор ё ҳарду.

пешина
аз 527
навбатӣ