Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

албатта, ҳангоми тарҳрезӣ намудани нақшаю чорабиниҳои иловагӣ нигоҳи мо дар хатти буриш аз рӯйи як нуқта, ки маҳаки асосии ҳамкорист, намегузашт. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду ман чароғро хомӯш намуда, аз бинои милиса берун шудам...
“Чаро дар ягон нишондодаш Сабоҳати Комил дар бораи вориди бино шудани корманди барқ ишора накардааст” гуфтани нафаре, ки азназаргузаронии камераҳоро ба душ дошт, тамоми роҳ дунболагирам шуд.
-Чаро ?
-Бо ҳамин саволе, ки ҷавобаш ҳамчун муаммоҳои дар ҷавониам дар афсонаҳои паси Кӯҳи Қоф42 аз забони бобою бобокалон шунидам, ки маро ҳамеша ба шунидани давоми қисса ҳидоят мекард, пой ба остонаи хона гузоштам...
Дар зиндагӣ ба каломи “ҷанг ҷангу нанг нанг” бисёр вохӯрдаем. Ва онҳое, ки баъди ҳама гуна ҷанҷолу хархаша дар ҳолати сахтии рӯзгор қисмати дувуми ин каломро ҳадафи аслии кори хеш қарор медиҳанд, дар ҳақиқат инсонҳои наҷибанд. Дишаб баъди ба хона рафтан ман чандин маротиба сари баҳси хеш бо Ҷомии Шариф андеша намуда, ба хулосае омадам, ки то ҷое худам мазаро аз қайла гузаронидаам, вале чӣ илоҷ, ки сухани аз забон буруномада тири аз камон ҷастаро мемонд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву ин субҳ нисбат ба рӯзҳои пешин бо каме дермонӣ бо таъби хира аз хона баромадам. Дар истгоҳ мусофирони зиёде омадани нақлиёти ҷамъиятиро интизор буданд ва ҳарчанд нигоҳашон ба хизматрасонии ин намуди нақлиёт чандон нек набуд, вале дар омад-омади соли нав мавзуи дуюмдараҷаи андешаронии онҳо гардида буд. Нафаре нишонаҳои соли навро аз рӯйи мучал шарҳу эзоҳ дода, аз хонда ва ё шунидаҳояш ҳозирини чун худаш дар интизори автобусбударо бовар мекунонид, ки дар илми нуҷум соли саг соли ҳамдигарфаҳмию осоиш ба қалам дода шудааст, чунки дигар ягон ҷонваре аз
42 Кӯҳи Қоф - мавзее, ки дар афсонаҳо ҳамчун макони дастнорасу душворгузар ёдрас шуда. Аслан чунин мавзеъ вуҷуд надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё