Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

номбурдагони мучал ба инсон чунин вафодор нест. Ҳамин сухани ровӣ дар атрофи илми нуҷуму вафодории саг мавҷи андешаҳои бандаро бо як такон то ба суҳбати се ҳафта пеш бо Сабоҳати Комил доштаам бурд:
Чандсола буданашро ҳам намедонам, вале моҳе пештар вай аз ман пурсид, ки Сабо ту чандсолаӣ? Гуфтам, ки бистусесола. Хонум гуфтанд, ки аз ман як мучал хурд будаӣ.
Пурсидам: - Мижгон - апа мучали шумо чист? Гуфт: - Саг ва боз илова намуд, ки сагҳо ҳама вафодоранд, ба ҷуз ман...
-Ба вафодории ҷонвари безабоне, ки акнун аксаш тақвимҳои соли навро зеб медиҳад, шубҳа надорем. Оё шумо гуфта метавонед, ки нафарони дар соли саг ба дунёомада ба ҳамсарони хеш вафодор мемонанд? - луқма партофт нафаре.
Автобус омаду ровӣ дар қатори чанд нафари дигар вориди он шуданд. Ровӣ рафт ва нафаре, ки ҷӯёи посухи саволи хеш буд, ҳамроҳи мо дар истгоҳ монд. Ӯ лолу ҳайрон он воизи дар сухан фурӯзонро, ки шояд дар суханрониаш гармиеро эҳсос намуда буд, бо як нигоҳи ҳазин гусел кард. Ҳарчанд вай дигар каломе ба забон наовард, вале аён буд, ба суханони ровӣ шубҳа дорад. Шояд он марди ҷӯёи сухан аз каломи мардумӣ, ки мазмунаш “гарми талабӣ, зи оташи зинда талаб, аз оташи дар сухан фурӯзон маталаб” огоҳии пурра дошт ва зиндагиномаи хешро бо каломи воизи рафта дар қиёс гузоштан мехост? Ба ҳар ҳол, воиз мошинсавор аз пайи кору бори рӯзгораш рафт, вале шунавандаи ноком мисли мусофири аз қатора дермонда дар истгоҳ танҳо монд, танҳо бо андешаҳои хеш... Лаҳзае пас автобуси сайрхати банда ҳам омад ва боз қисме аз мусофирони ин автобусро интизор вориди он шуданд ва ман аз паси оинаи тирезаи автобуси ба ҳаракатдаромада дидам, нафаре, ки ҷӯёи посухи саволи хеш буд, дубора ба зани солхӯрдае сари баҳс қарор гирифт. Онҳо сари кадом мавзуъ баҳс доштанд, ман нафаҳмидам, вале аён буд, ки баҳси онҳо давоми мантиқии ҳамон баҳсест, ки мард аз рӯйи мучал вафодории ҳамсарро чун маҳаки асосии ин баҳси субҳгоҳӣ қарор дод ва эҳтимол он зани солхӯрда аз ҳамҷинсони хеш дифоъ мекард. Умуман, дар субҳи охирини соли куҳан таваҷҷуҳи мардум дар атрофи мучалу соли дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё