Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

пешистода мавриди баҳсу мунозираҳо гардида бошад ҳам, нигоҳи аксари мардум ба зиндагӣ гарм ба назар мерасид ва ҳамагон шукрона аз сулҳу салоҳ намуда, ҳамдигарро бо омад
- омади соли нави мелодӣ табрик менамуданд. Ҳангоме ки автобус майдони марказии шаҳрро убур мекард, чашмам ба арчаи солинавӣ бархӯрд, ки аз рӯйи баландӣ ва шукуҳу шаҳоматаш то кунун мислашро надида будам. Арчаро бо тамоми санъат оро дода буданд ва чароғакҳои рангаи он эҳтимол дар шаб ба ҳусни он як шукуҳу шаҳомати тозае мебахшид ва ҳамаи ин дар майдоне ба мадди назари мардум гузошта шуда буд, ки ҳамагӣ ду даҳсола пеш садҳо хайма дар ин хиёбон пайдо шуда, мансабталошон дар зери навои турку тозӣ бародарро ба муқобили бародар тела дода, хуни якдигар рехта буданд.
Дар замоне, ки ҳанӯз чашм аз он арчаи майдони марказӣ накандаву андешаҳои мухталиф чун боди дайду атрофи ҳодисаҳое аз рӯзгори гузашта дар майнаам чарх мезад, нафаре даст ба китфам гузошта гуфт:
-Салом бачаи ошно, насиби дидорро бубин - а.
Ҳарчанд ба самти овоз имкони тоб хӯрданро ҳам наёфта будам, вале кӣ будани соҳиби овозро шинохта гуфтам:
-Амаки Сайидмурод, ин шумоед?
-Дигар кӣ ҳам мешуд? Дишаб ҳамроҳи Муҳаммадшариф43муйсафеди падаратро хеле ёд кардем ва бубин, ки дар ин субҳи солеҳон худатро дидем. - Аз дидоратон ниҳоят шодам, - гуфтам ман ва дар интиҳо ба самти мусоҳибам, ки овозаш ҳамчун овози диктори радио бароям ниҳоят шинос буд, баргашта, бо ӯ ва ҳамроҳаш, ки вайро низ ғоибона мешинохтам, салом намуда, ташрифи дӯсти қиблагоҳамро ба Душанбе хайрамақдам гуфта, эшон ва ҳамроҳашро ба меҳмонӣ даъват намудам.
-Қабул, гуфт ошнои падарам ва боз илова намуд, ки бегоҳӣ нияти ба Новосибирск парвоз намудан дорад. Насиб бошад, фардо дар ҳамин соат дар Новокузнетск мешавам.
43 Муҳаммадшариф Сулаймонов –устоди варзиш оид ба гуштини тарзи озод дар назар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё