Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

“Чун баргардам, албатта меҳмонат мешавам,” - гуфт амаки Сайидмурод ва мо худоҳофизӣ намудем. Онҳо дар истгоҳи назди театри Лоҳутӣ аз автобус фаромаданд.
Автобус боз ба ҳаракат даромад ва ман аз оинаи тиреза дидам, ки дӯсти падарам ва амаки Муҳаммадшариф ба самти ҷануб, ба тарафи театри Лоҳутӣ рафтанд.
Дар истгоҳи навбатӣ ман ҳам фаромадам, вале мавҷи андешаҳо дар атрофи он марде, ки бегоҳӣ нияти парвоз ба “Толмачёво”44- ро дошт, бо ёдҳои мардуми диёр, бо бодҳои он деҳи зебоманзари кӯҳдомани ағбаи Хобу - Рубот омехта шуда, аз гиребонам гирифт...
Ман борҳо аз забони падарам дар бораи Сайидмуроди Кабир, ки ҳар нафас, ҳар қатра хун ва ҳар тори мӯяш коммунист буд, шунидаам. Ана ҳамин марди коммунист, ки ҳамеша сухан бо амалаш як буд, дар ободии Сағирдашт аз ҳама бештар саҳм гузоштааст ва чун қиссагӯи достону ривоятҳои мардумӣ аз худ номи неке дар байни мардуми диёр ба ёдгор мондааст. Ҳарчанд Сайидмуроди Кабир ситорашинос набошад ҳам, вале қиссаву ривоятҳои гуфтаашро бо овардани далелҳои шайъӣ аз китобҳои динию дунявӣ ва ҳатто аз устурлоб45 ба самъи шунаванда расонда, ки чунин шакли баён боварии шунавандаро ба достону ривоятҳо бештару беҳтар менамудаст. Амаки Сайидмурод иқтисодчӣ буд, на сиёсатшинос, аммо дар шикасти ГКЧП нишонаҳои аз байн рафтани давлати ягона ва низоъҳои байни миллатҳоро пешгӯӣ кард. Рафту агар Саймуроди Кабир марди низомӣ мебуд, барои ҷонибдориаш аз ГКЧП тақдири генерал - майор Шаталов Борис Данилович46 ӯро дунболагир мешуд, вале ӯ танҳо тоҷир буд, тоҷире ки некиаш ба хурду бузурги диёр расида. Тоҷире, ки дар солҳои бесарусомонии кишвар ҳамдиёрони дар сангарҳои муқобил нишастаро ба адлу инсоф
44 Толмачёво – фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Новосибирск.
45 Устурлоб – ба маънои телескоп омада, ки олимони ситорашинос тақдири инсонҳоро аз руи вақт (рӯзу солу моҳ) ба ҳаракати ситораҳо дар зери кунҷи муайян пешгӯӣ мекарданд.
46 Нигар ба романи Шарифбек Азизӣ “Сангҳои сари роҳ.” даъват ва бо каломи “ҷанг ҷанг асту нанг нанг” тарафҳои замоне дар сангарҳои муқобил нишастаро баҳри бартарафсозии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳидоят намуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё