Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тоҷири коммунист ва комм ияро эҳтиром намуда. Сари ҳамин андешаҳо ман ин субҳ пой ба остонаи бинои милиса гузоштам. Вориди дафтари корӣ шуда, ҳанӯз имкони ба курсӣ нишастанро наёфта будам, ки касе ба дар ангушт зад. Дилу бедилон гулӯ рӯшан намуда, ба нафари дар пушти дар пайдошуда имкони воридшавӣ ба дафтари кории сарваколатдори кофтуковӣ - ҷиноятиро додам. Мисли оне ки сухан аз забонат берун нашуда, аз гиребонат мегирад, нафари пушти дар интизор буда пой ба остона гузошт.
Шогирдро, ки аз нигоҳи хеш дирӯз боиси малоли хотираш гардида будам, дар остона дида, каме ҳам дасту по хӯрдам, вале кор баръакси андешаҳои банда шакли дигар гирифт. Мақсад доштам баъдтар баҳонае ёфта худам ба дафтари кориаш дароям...
-Гумон намудам дирӯз боиси малоли хотиратон гаштам ва агар чунин аст узр...
-Ҷаври устод, беҳ аз меҳрӣ падар.
Рост гуфтаанд, ки “бузурги ба хирад аст на ба сол” ва дар ҳамин як калом шогирд ҳамаи андешаҳои беҷойи бандаро, ботил шумурд.
-Шуморо, рафиқ майор, ба омад - омади соли нави мелодӣ табрик намуда, ба шумо..., - ҳар он чӣ ки аз забони шогирд шунидам, чун каломи хуше бандаро болидаруҳ сохт.
Умуман, Ҷомии Шариф дар қофиябандии калимаҳо ва равону суфта талаффуз намудани онҳо ба дилу дидаи ҳар шунаванда ҷо гирифта метавонист.
-Барои андешаҳои бикратон як ҷаҳон сипос, вале гумон намекунам маро танҳо барои ҳамин ба ёд овардед...
-Бандаро ба ҷуз зиёрати шумо дигар ҳавое дар сар нест, вале ба гумон аст, ки тайи ин муддат шумо сари баҳси дирӯзаамон андеша накарда бошед.
-Мавҷи хаёлоти инсон ҳамеша чун бод дар ҳаракат аст ва новобаста ба ҳама талошҳои мо андешаҳоямон ҳам чун бод дучори монеаҳо мегарданд.

пешина
аз 527
навбатӣ