Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Хуш кадом монеаҳоро сари роҳҳи андешаҳо дидед?
-Моро мебоист ҳаракати намояндаи идораи барқро дар дохили бино муайян мекардем.
-Қабул.
-Ва боз...
-Боз чӣ?
-Не мне вас учить.
-Фаҳмо.
-Акнун аз пайи кор шавед!
-Итоат! - гӯён Ҷомии Шариф аз дар баромад.


Ҳолати ба вуқуъпайваста чун саҳнаи сирк шакли доиравиро гирифта буд, ки ҳама гуна ҳаракат дар он метавонист шакли беохирро гирад, агар...
Мо дар атрофи ҳамаи он нафароне, ки ихтиёран ё иҷборан дар атрофи ҳарду зилзила, ки дар як радиус, бо фарогирии минтақаҳои гуногун рӯи саҳнаи тафтишот омада буданд, алоқамандиро ҷӯё нашавем.
Маҳз ҳамин ҳолатҳо сабаб гардидаву баъди аз дафтари кориам берун шудани Ҷомии Шариф банда варақеро болои миз гузошта, дар чунин шакл ангораи алоқамандии иштирокчиёни ҳарду ҳодисаро ҳамчун тароҳ рӯйи лисон овардам.
Сараввал он варақи сафедро ду қат намуда, дар ҳарду гӯшаи хати қатшуда ду доирача кашидам ва дар дохили доирачаи тарафи чап “кӯчаи Бухоро, 59/6, ҳуҷраи 77,” дар доирачаи тарафи рост “наздикии кӯли “Ҷавонон” дохили мошини ВАЗ 2107” навишта, ҳарду доирачаро бо ҳарфҳои “А” ва “В” ҳамчун маркази зилзила нишонагузорӣ намудам.
Чун ҳолати қатшудаи лисон дар пайвастшавии ҳарду доирача саҳмгузор шуд болои ҳамин хатти берангро бо ҳарфи “С” оро додам. Аслан ин нуқтаро метавонистам, ба номи сарпарасти Мижгони Файз, ки чун тамокуфурӯш нишондоди Сабоҳати Комилро “оро” медод, номгузорӣ кунам, вале аз ин амал бинобар ҳанӯз санҷида нашудани шахсияти эшон худдорӣ намудам. Бинобар ин, нуқтаи “С” аз сабаби надоштани сокини муайян чун биёбони Саҳара то замони расидани пойи қонуншикане дар болояш дар аъроф монд.

пешина
аз 527
навбатӣ