Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар асл чунин шакли ҷобаҷогузории ҳарфҳо ягон нишонаи геометриро ба вуҷуд наовард, вале, “аз ноумедиҳо басе умед аст,” гуфта, бо кашидани доирачаҳои нав дар қисмати болоии лисон бо сабти ному насаби иштирокчиёни ихтиёрӣ (Фирӯзи Файз, Сабоҳати Комил ва Комрони Нодир) ва инъикоси доирачаҳои самти поёни лисон бо сабти номи як нафар ва тасвири сару либоси ду нафаре, ки то кунун шахсияташон муайян карда нашуда, ҳамчун иштирокчиёни иҷборӣ (Зоҳири Зокир ва нафаре бо либоси кабуд бо навиштаҷоти “Хизматрасонии барқ” бо сумкаи сафари ранги сиёҳ дошта, ки соати 12.43 дақиқа вориди бино шуда ва нафаре бо палтои чармини сиёҳ, кулоҳи ҳамранги палтояш ва шарфи хокистарранг бо сумкаи миёнаи ранги кабуд дошта соати 12.58 дақиқа аз бино берун омада, ки ба объективи камераи самти муқобили бино афтодаро дар шакли навишти алифбои сирилик аз боло ба поён рақамгузорӣ намудам.
Дар замоне ки эҳтимол муфаттиши прокуратура дар асоси хоҳиши дирӯзаи банда ба пурсиши дарбони клуби “Парашютчиёни ҷавон” Зоҳири Зокир ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз пайи муайян намудани шахсияти “Хизматчии барқ” буданд, банда рӯй лисоне бо нишонаҳое аз се ҳарф ва шаш рақам аз алифбои сирилик ба таври дедуктивӣ47 пайвастагиеро дар ду ҳодиса, ки ҷабрдидагонаш ду сокини ҳуҷраҳои болои як бино, (ҳарчанд ҳодисаҳо дар ду давр ва ду маҳал ба вуқуъ пайваста) буданд, майна об мекардам. Ҳарчанд чунин намуди кор дар тафтишот чандон маъмул нест, вале дар корҳои ҷустуҷӯӣ онро сарфи назар намудан хатост. Маҳз ҳамин ҳолатҳо сабаб гардидаву банда пайвастагиеро дар ҳаракатҳои иштирокчиёни он бо ҳамин усул ҷӯё шудам.
Аз нигоҳи мантиқ ҳамаи иштирокчиён ба ҷуз рақамҳои 4, 5 ва 6 бо ҳамдигар дар алоқамандӣ қарор доштанд ва новобаста аз муносибаташон бо ҳамдигар дар чорсӯи зиндагӣ

47 Дедуктивӣ – усули мулоҳиза, ки мувофиқи он аз нуқтаҳои кулл ба ҷузъ меоянд.

пешина
аз 527
навбатӣ