Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

борҳо бо ҳам рӯ ба рӯ омада буданд. Рақами 4 ҳатто накушодани парашютро дар баландии 1800 метр ҳамчун ҳолати қасдона арзёбӣ кард, ҳарчанд ӯ дар он замон ба ҳайси пилоти дуюм дар авиатсияи калон кор мекардааст ва ба чунин маснад расидаву нафаҳмида, ки сухан теғ аст ва сари сабзи сухангӯ зери теғи суханаш гаравгон, боз андешаҳои хешро пинҳон карда натавонист ва ба ҷуз бандаро ба бесаводию тағобозӣ гунаҳкор намудан боз як системаи калони тафтишотиро низ муттаҳам кардан хост. То кадом андоза андоза сухани эшон бо амалаш баробар буд, ман нафаҳмидам, вале дар ду ҳолат чун айбдоркунандаи ҷамъиятӣ баромад намуданаш худ як нишонае аз таваҷҷуҳи ӯ ба қонун буд. “Бе ҷазо мондани гунаҳкор беқонуниятиро ба бор меорад” гуфтани Зоҳири Зокир дубора чун путк дар гӯшам садо доду садо... Ҳарчанд баъди шунидани каломаш дар атрофи бе адолатӣ мо муайян кардани шахсияти вайро ҳадафи хеш қарор надода будем, бо гузашти чанд вақт ӯ худ дарду доғи дилашро дар атрофи ҳодисаи таърихи беш аз даҳсоладошта ифшо намуд. Бо ин амал вай собит сохт, ки нисбати ҳама гуна қонуншиканӣ нафрат дорад, ё шояд ҳамаи ин бадбинию нафрат танҳо дар сухан буд? Пас агар чунин бошад, ҳама гуна талошҳои тафтишот дар ин самт ба боди фано мерафт, чунки гармиро аз сухан не, балки аз оташи зинда бояд ҷуст. Дирӯз мо сари ин масъала бо муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф сари суҳбат қарор доштем ва ба саволи муфаттиш, ки чаро ман бо Зоҳири Зокир суҳбати расмӣ анҷом надодам, андешаҳоямро ҳам баён намудам.
Албатта, пурсидани эшон мушкилотеро ба бор намеовард, агар ӯ бандаро ба бесаводию тағобозӣ муттаҳам намекард.
Баъди ин, ҳама гуна кӯшиши банда дар пурсиши расмии вай ба гумон буд натиҷаи объективона диҳад. Акнун умеди ягонаи ман низ дар самти пурсиши расмии вай, ки онро пурсиши протоколӣ низ меноманд, ба сарвари гурӯҳи тафтишотӣ буд... Ҳарчи ҳам буд ё набуд, ҳолномаи Мижгони Ҳамроҳ дар ду ҳолат мавриди баҳси банда ва Зоҳири Зокир қарор гирифт ва новобаста аз он ки дар клуби парашютчиёни ҷавон дарбон ба қавле акси ситораи варзиш Мижгони Ҳамроҳро нашинохт, бандаро ором нагузошт, ки нагузошт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё